Ovozi.uz

Салатҳо аз шӯрбои гарм беҳтар аст

Дар ҳавои гарм мутахассисони соҳаи парҳез аз ғизо (диетологҳо) истеъмоли хӯришҳо (салатҳо) аз сабзавоти тару тоза ва мева, шӯрбоҳои сабук, навъҳои камравғани моҳӣ ва гӯштро тавсия медиҳанд.

Бахусус истеъмоли тарбузу харбуза, қулфинай (клубника), тамашк (малина), бодиринг, помидор, ки қариб 90 дарсад аз об иборатанд, хеле муфид аст.

Бодирингу каду (кабачок), шалғам ва редиска қариб пурра метавонанд ниёзи моро ба ғизо дар рӯзҳои гарм қонеъ кунанд.

Ширинии анъанавии тобистон, яъне яхмос мумкин аст, вале дар миқдори муътадил (то 200 грамм дар як рӯз).

Дар ҳавои гарм истеъмоли шӯрбоҳои хеле гарм, гӯшти равғанин, таомҳои тезтаъму тезмазза ва ҳамаи он чизҳое, ки боиси тавлиди гармӣ мешаванд ва барои ҳазм душворанд, тавсия дода намешавад.

Ҳамчунин ҳангоми ба кӯча баромадан табибон пӯшидани сарпӯш, айнакҳои офтобӣ, ба бар доштани либосҳои равшану сабук ва бароҳат, инчунин ба рӯй молидани малҳам (кремҳо)-и ҳифз аз нури офтобро тавсия медиҳанд.

Ҳангоми бад шудани ҳолат ва пайдо шудани аломатҳои нохушу ногувор, бахусус доштани бемориҳои музмин, фавран ба табиб муроҷиат кунед, зеро дар гармо хуруҷи бемориҳо хеле тез сурат мегирад!