Ovozi.uz

Илон Маск аввалин триллионер дар таърихи башарият гардид

Асосгузори компанияи «SpaceX» Илон Маск аввалин шахс дар таърихи ҷаҳон шуд, ки сарваташ ба як триллион доллар расид. Ин ҷаҳиши бесобиқа ва афзоиши бойигарии ӯ ба воситаи ба фурӯш баровардани аксияҳои компанияаш дар бозори молиявӣ (IPO) ва сабти рекорди нав алоқаманд мебошад.

Дар ҷараёни ин аксия, компания 555,56 миллион дона аксияро ба фурӯш бароварда, нархи ҳар як донаи онро 135 доллар муайян намуд. Дар натиҷа, 75 миллиард доллар маблағ ҷамъоварӣ шуд, ки ин бузургтарин пешниҳоди аввалияи оммавӣ дар таърихи бозори ИМА ба ҳисоб меравад. Пас аз ин савдо, арзиши умумии компанияи «SpaceX», ки дар соҳаҳои технологияҳои кайҳонӣ, алоқаи моҳвораӣ ва зеҳни сунъӣ фаъолият мекунад, ба 1,77 триллион доллар расид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки рекорди қаблӣ ба компанияи «Saudi Aramco» тааллуқ дошт. Салтанати ин компанияи нафтӣ дар соли 2019 бо сармояи 1,71 триллион доллар арзёбӣ шуда, дар як вақт 25,6 миллиард доллар ҷамъ оварда буд.