ИМА барнома грин-картаро мехоҳад боздорад, зеро шахсе, ки дар тирпаронӣ дар Донишгоҳи Браун гумонбар мешавад, айнан ба воситаи ҳамин барнома ба мамлакат ворид шудааст. Дар ин бора вазири корҳои бехатарии дохилии ИМА Кристи Ноэм маълум кард.
«Мувофиқи супориши президенти ИМА Доналд Трамп, ман ба USCIS (хизмати шаҳрвандии ИМА ва иммигаратсия) мефармоям, ки дарҳол барномаҳои DV1-ро боздорад, то ба воситаи ин барномаи зараровар ба амрикоиҳо дигар зарар нарасад» — гуфта, навиштааст вай дар саҳифаи шабакаи иҷтимоии Х-и худ.
Бино ба гуфтаҳои он, Клаудио Мануел Навеш Валенте, ки дар Донишгоҳи Браун тирпарронӣ ба амал оварда буд, дар соли 2017 бо барномаи гуногунии визаҳои иммигратсионӣ ба ИМА даромада ва грин-карта гирифтааст.
