Ovozi.uz

Фидоии роҳи маънавият

Ҷадидон ва ворисони онҳо

Яке аз олимони маъруфе, ки дар омода кардани «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғати эзоҳоти осори Алишер Навоӣ» ва китобҳои дигар иштирок кардааст, инчунин хеле асарҳоро аз ҳуруфоти арабӣ ба кириллӣ баргардондааст, Қутбиддинхон Муҳиддинов (1906–1983) мебошад, ки бо ин хидматҳои худ дар роҳи дониш машъалеро афрӯхтааст гӯем, ҳеҷ муболиғае нахоҳад шуд.
Аммо ӯ мудом аз сиёсати давлати шӯравӣ дар ҳарос буд. Чунки баъд аз ташкил ёфтани давлати шӯравӣ ба олимон ва дигар зиёиёни маҳаллӣ тазйиқҳои пай дар пай нишон дода шуд. Ин аст, ки Қутбиддин дар охирҳои соли сиюми асри гузашта ба хоҷагии ҷамоавии навтаъсис (колхоз) аъзо шуда, аз паи боғбонӣ мешавад. Аммо ин кор дер давом накард. Душманони маҳаллӣ ва шӯрочиён нахостанд, ки эшони Қутбиддинхон озодона зиндагӣ кунад. Бо туҳмати зидди ҳукумати шӯро ба ҳабс гирифта, дар таърихи соли 1942 ба муддати 10 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Ӯ дар ин муддат аввал дар ҳабсхонаи шаҳри Оқтубаи Қазоқистон, сипас дар ҷануби Екатеринбург ва бешазорҳои Сибир бо дигар маҳбусон азобҳои зиёдеро аз сар гузаронд. Баъди чанд сол, ба ин хориҳо тоб оварда натавониста, гирифтори бемории сахт шуда, бар асоси хулосаи тиббии табибон ба зодгоҳаш баргашт.
Эшони Қутбиддинхон ба озодӣ баромада, ҳастии худро ба эҷод бахшид. Тафсири асарҳои олим ва шоиронро ба зимма гирифт. Қисми зиёди онҳоро аз забони арабӣ ба тоҷикию ӯзбекӣ тарҷима намуд.
Ба илми тибби халқӣ таваҷҷуҳ кард. Беморонро бо усули Абуалӣ ибни Сино ва дар баъзе ҳолатҳо бо каломи Худо табобат намуд. Баробари ин, аз корҳои деҳқон дур намонд. Мардумро ба меҳнат ва омӯхтани касбу кор даъват менамуд. Баробари ғазалҳои ошиқона, инчунин шеърҳои панду ахлоқӣ менавишт. Ӯ аз ҷаҳолатпарастӣ дур ва ба имону эътиқод мусаллаҳ буд. Ҳам илми сӯфиёнаю ҳам илми дунёвиро дар байни мардум тарғибу ташвиқ мекард.
Ӯ мегӯяд: «Қимати инсон бо чӣ чен карда мешавад? — Бо илм. Нақши Саодат аз чист? — Аз ҳилму ҳалимӣ. Ба илмгирӣ ҳаракат ва роҳҳои онро ёбад, инсон бо илму ҳалимӣ ба иззат мерасад».
Устод Қутбиддин Муҳиддинов ҳамчун пешвои сонии тариқати Нақшбандия инсони хоксор, тоқатовару босубот буд, воқеаҳои сониро пешгӯӣ мекард. Аммо ӯ инсони одӣ, олиму орифи номдор будани худро ба мардум пеш наменамуд. Аз рӯи насаб бандаи хокӣ ҳастаму халос, гӯён моҳияту мазмуни тариқатро ба чор пораи зерини худ ба осонӣ маънидод мекунад:
Ман аз ҳунари одамӣ холӣ бошам
В-аз орифию олимӣ орӣ бошам.
Нодон ба ҳама, вале яке донистам:
Аз рӯи насаб одами хокӣ бошам.

Хурсандии олими забардаст дер давом накард. Ходимони НКВД ва душманони дохилӣ доимо ҳаракат мекарданд, ки ягон гуноҳ ва ё айби ӯро пай бурда, ҳатман дастгир кунанд. Ва ниҳоят бори дуюм фасли тирамоҳи соли 1951 гуноҳи аксулинқилобчӣ ва фарзанди душмани шӯроҳо будани эшони Қутбиддинхонро аз тафтиш гузарониданд. Аммо он тафтишчиён аз хонаи ӯ ғайр аз 4–5 китобҳои бо ҳарфи арабӣ навишташуда чизи дигар дарёфт карда натавонистанд. Онҳо олимро қариб як сол бо иштироки Зоҳидов ном тарҷимону муфаттиш аз пурсиш гузаронданд, аммо маҳбус ба айбаш иқрор нашуд. Баъд аз азобу шиканҷаҳои пай дар паи нохалафон Қутбиддинхон ба гуноҳи накардааш иқрор ва бо ҳукми суди вилояти Самарқанд 25 сол бадарға карда шуд. Қутбиддинхон бори дуюм ба тақдираш тан дод. Баъди чанд муддат дар ҳабсхонаи Самарқанд азоби рӯҳӣ кашидан, ӯро ба Сибир бадарға карданд.
Соли 1955 авфи умумӣ эълон шуду ба қатори ҳазорҳо нафар азобдидагони репрессияи Сталин Қутбиддин Муҳиддинов ҳам ба озодӣ баромад. Ва ҳамоно шогирд ва дӯстони тоҷикистониаш олими забардастро дар шуъбаи луғатҳои Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи фанҳои Тоҷикистон ба кор даъват карданд. Он солҳо луғатшиносон бо тартиб додани асари бузурги дуҷилтаи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» машғул буданд. Дар ин бора профессор, шодравон Амон Воҳидов, ки солҳои 60‑уми асри гузашта дар тартиб додани ин фарҳанг иштирок кардааст, чунин навиштааст:
«Ба ман насиб шуд, ки чанд муддат бо Қутбиддин-­домулло бевосита кор кунам. Яке аз бартарии домулло дар он буд, ки аз луғатҳои тафсирии арабӣ бевосита истифода бурда, маъно ва тобишҳои ҷузъии ин ва ё он калимаро ба тоҷикӣ тарҷума мекарданд. Ба нисбати он, ки домулло забони арабиро равон медонистанд, қариб ҳамаи кормандон барои шарҳи калима ва ибораҳои арабӣ ба ӯ муроҷиат мекарданд. Ҳазорҳо варақаҳои бо шарҳу тафсири воҳидҳои луғавӣ аз «Чор унсур», «Тури маърифат», «Муҳити аъзам»-и Мирзо Бедил ва дигар намояндагони адабиёти классикии интихобшуда, ки ба фонди «Захираи луғавии адабиёти классикии Шуъбаи луғатҳо» ҳамроҳ карда шудааст, маҳсули меҳнати бурдборонаи устоди муҳтарами мо Қутбиддин Муҳиддинов мебошад. Ба устод муяссар шуд, ки дар ин муддати кӯтоҳ барои омода сохтани маводи луғавӣ (фонди картотека)-и «Фарҳанги забони тоҷикӣ» иштирок карда, саҳми шоиста гузорад.
Охирҳои соли 1961 ман бо ризоияти маъмурият бо ҳамроҳии Вадуд Маҳмудӣ карточкаҳои ҳарфи «О»-ро гирифта, ба Самарқанд омадам ва кори тартибдиҳии луғатро дар ҳавлии Садриддин Айнӣ давом додем.
Тахминан тирамоҳи соли 1962 директори ҳамонвақтаи институт устод Носирҷон Маъсумӣ телеграммаи таъҷилӣ фиристода, таъкид карда буданд, ки корро гирифта, ба Душанбе баргардам. Ба воситаи телефон сабабашро пурсидам. Гуфтанд, ки домулло Вадуд Маҳмудиро аз кор ҷавоб додем. Баъди ба Душанбе омадан маълум шуд, ки Қутбиддин домуллоро низ аз кор озод намудаанд. Аз боло фармоиш шуда будааст.
Устоди забардаст эшони Қутбиддинхон Муҳиддинов боз бо хотири парешон ба хаёлот ғӯта зада, худ ба худ гуфт: «Ин чӣ қисмат бошад, ки мани бечораро ба тазйиқу шиканҷа мегиранд. О, беайб будани манро чандин маротиба бо фармоишу далелҳо эълон карданд. Боз ҳамон Аҳмади порина».
Бо ин хаёлҳо устод ранҷида ба зодгоҳаш Самарқанд баргашта, гӯшанишиниро ихтиёр карда буд, ки чанд шогирду дӯстони беғаразаш ӯро барои кор ба Тошканд таклиф карданд. Қутбиддин Муҳиддинов ин таклифро бо хушнудӣ қабул карда, роҳи ин шаҳри азимро пеш гирифт».
Шоири халқии Ӯзбекистон Ғафур Ғулом, ки устодро пири комили худ медонист, гуфт:
— Эшонбобо, шумо барои аҳли илми Тошканд хеле заруред. Метавонед аз пагоҳ дар Институти забон ва адабиёти Академияи Фанҳо кор кунед. Дар бораи ҷойи зист ва дигар шароитҳо фикр накунед, ҳамааш ҳал мешавад.
Ҳамин тавр Қутбиддин Муҳиддинов ҳамкории олимони матншиносу луғатшинос шуд. Директори институти мазкур Азиз Қаюмов ва олимони ҳамон давр Солеҳ Муталлибов, Фузайл Исмоилов, Анисӣ, Чустӣ, Васфӣ барин олимони ба чашм намоёни ҳамон давра аз омадани Қутбиддин Муҳиддинов хеле шод гардиданд. Дар натиҷа, бо ташаббус ва ҳаммуаллифии «Хусрав ва Ширин»-и Хоразмӣ, «Гулистони туркӣ»-и Сайфи Сароӣ, «Латофатнома» барин асарҳо ба имлои ҳозира баргардонида шуд ва нашр гардид. Олими забардасти матншинос якчанд сол луғати муаллифи асри XVIII Мирзомуҳамади Меҳдихон «Санглох»-ро омӯхта, тадқиқоти пурарзишро ба охир расонд. Меҳдихон дар ин асари худ забони асарҳои Алишер Навоиро таҳқиқ кардааст. Ин асар ҳамчун калид дар омӯзиши асарҳои Навоӣ аҳамияти калон дорад. Қутбиддин Муҳиддинов инчунин «Бурҳони қотеъ», «Луғати фурс», «Абушқа», «Бадоеъ-ул-луғат», «Ғиёс-ул-луғот», Мунтахаб-ул-луғот» барин фарҳангҳои тоҷикӣ ва туркиро қиёсан аз назар гузаронида, асари мукаммал офарид. Бо ташаббуси ин олими зукко «Луғати тафсирии осори Алишер Навоӣ» (иборат аз чор ҷилд) чоп гардид, ки ин кор дар таърихи луғатсозии ӯзбек аҳамияти калон дорад. Инчунин, бисёр ибораву истилоҳоти «Лисон-ут-тайр», «Маҷолис-ус-нафоис» ва дигар асарҳои Навоӣ низ ба кумаку ташаббуси устод Қутбиддинхон маънидод шудааст.
Ногуфта намонад, ки Қутбиддин Муҳиддинов табъи баланди шоирӣ дошт. Шеърҳои ӯ дар солҳои мухталиф дар нашрияҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ду забон чоп шудааст. Дар шеърҳои ӯ аз як тараф ишқи орифонаро бинем, аз тарафи дигар ҳаёти реалӣ, хушию хурсандии одамони давру замонро низ мушоҳида мекунем. Як қисми шеърҳои Қутбӣ (тахаллуси шоир) хусусиятҳои панду ахлоқӣ доранд ва ҷавононро ба омӯхтани илму ҳунар ва бо ҳамин мақсад ба даст даровардани бахту саодат даъват мекунанд.
Инчунин, дар шеърҳои шоир арзи дили бедору беғубор, фикри марди нуктадону некбинро низ дидан мумкин аст.
Чуноне, ки дар боло гуфтем, олим солҳои дароз дар ҳабсхонаву лагерҳои пурдаҳшати замони шӯравӣ азобу шиканҷа кашид. Ӯ озодии мардум ва ҳуррияти маънавии инсонҳоро бисёр орзу мекард.
Дар якчанд чорпораҳояш ин ишораҳо ҳастанд. Орзуҳои ӯ маҳз дар даврони истиқлол ҷомаи амал пӯшиданд. Вале мутаассифона, дидани ин рӯзҳои хушбахтӣ ба Қутбӣ муяссар нашуд. Ӯ моҳи декабри соли 1983 дар синни 87- солагӣ ба садамаи автомобилӣ дучор шуда, вафот кард. Қабраш дар мавзеи Чорчинори ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд аст.
Қутбиддинхон Муҳиддинов давомдиҳандаи тариқати нақшбандия буда, дар асоси ин тариқат зиндагӣ ва фаъолияти хешро пеш мебурд. Ӯ баробари вакили забардасти илми тасаввуф будан, ҳамчун шоир осори пурмазмуну гаронбаҳоро аз хеш боқӣ гузоштааст. Ӯ ба атрофиён нигариста мегӯяд «Хизмати халқ бо хизмати Холиқ дар якҷоягӣ шавад, ба саодати ду олам соҳиб шудан мумкин». Ин насиҳати Қутбиддин-­домуллоро аниқ мушоҳида кунем, мазмуни ҳикмати «Дил ба ёру даст ба кор»-и Баҳовуддин Нақшбанд бармеояд.
Шоир дар шеъру ғазалҳояш хулқу одоби нек, маърифат ва илму дониш инсонро ба саодат ва дар ҷамъият албатта ба мақсад мерасонад.
Ғазалҳои ишқу ошиқонаи худро низ дар асоси одоби ҳамида таълиф кардааст. Ӯ аз хислатҳои беадабонаи ошиқон худро канор гирифта, тарафдори риояи одоби ҳамидаи халқ буда, дар хилқат низ риоя карданро далолат мекунад.
Хулоса, Қутбиддин Муҳиддинов баробари олими забардасти фарҳангшиносу луғатшинос будан, ҳамчун авлоди сонии тариқати нақшбандия эҷодиёти пурғановатеро боқӣ гузошт, ки барои тарбия кардани ҷавонон дар рӯҳи ғоя ва истиқлоли миллӣ нақши муҳим дорад. Зеро камолоти рӯҳӣ-маънавии нақшбандиҳо ба тарбия, одоб ва дигар амалҳои неки инсонӣ равона шуда, барои осоиштагӣ ва фаровонии халқ хизмат мекунад.

Ҳамза ҶӮРА,
узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон