Шавкати Баҳрому Тоҳири Фаттоҳзода ва Ӯткури Мӯъминзодаву Шодмони Шамсӣ бо навбат аз хона хӯрок меоварданду пешин ҳамроҳ тановул менамуданд.
Навбат боз ба Шавкати Баҳром расид. Пешин шуду шарикони дигар интизори хӯроки «навбатдор» буданд. Аммо аз Шавкати Баҳром, ки дар хонаи шафат саргарми кори эҷодӣ буд, дараке нест. Шиками «хӯрокшарикҳо» ба рубобнавозӣ сар кард. Онҳо ба хулосае омаданд, ки шояд Шавкат имрӯз ба хӯроковарӣ имконият наёфта бошад.
— Шавкат-ака, рафтем ба ошхона, хӯрок мехӯрем, — ниҳоят дарро кушода гуфт Шодмони Шамсӣ.
— Хайр, рафтем бошад, рафтем-дия, — гӯён Шавкат аз ҷой хеста, хушҳолона сӯи ошхона қадам партофт.
Хӯрокро ҳам ба ҳисоби «китоби сурх» — (китоби қарз)-и акаи Муҳаммадқул тановул карданду ба коргоҳи худ баргаштанд ва ба ҳуҷраи иқтисод даромаданд.
— Ие, бачаҳо! — ногоҳ ду дасташро ба сар бурда фарёд зад Шавкати Баҳром.
— Ҳа, чӣ шуд? — пурсиданд ҳамроҳон.
— Янгетон саҳар хеста, як тос ош пухта дода буд. Мана аз хотирам баромадааст.
— Ҳеҷ гап не, дар хона монда омада бошед, бачаҳоятон мехӯранд, — тасаллӣ доданд бачаҳо.
— Дар хона не, ҳамин ҷо, — тоси калони пурошро аз зери мизаш боло бардошта гуфт Шавкати Баҳром.
Кормандон фориғи кор ҳаққашонро напартофта, ошро хӯрда рафтанд.
Озод ҲАМИДЗОДА
©️ Аз китоби «Oвози Самарқанд: аз дидаҳо, шунидаҳo»
Сурат бо кӯмаки зеҳни сунъӣ офарида шудааст.
