Ӯзбекистон — Туркия. Ин ду давлат, ки решаҳои кӯҳани онҳо як буд, бо эҳсоси дӯстӣ, бародарӣ низ ба якдигар пайвастаанд.
Ин ҷиҳатҳо дар соҳаҳои савдо-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ акси худро ёфтааст. Агар ширкатҳо ва маҳсулоти Туркия дар дунё яке аз пешсафҳо бошанд, бозори Ӯзбекистон бо ҷозибаи инвеститсионии худ дар ҷаҳон шинохта мешавад. Инро дар корхонаҳои муштарак ва хориҷие, ки дар диёрамон ташкил шудаанд ва дар аксарияти онҳо сармояи Туркия иштирок мекунанд, низ дидан мумкин аст.
Ҳоло дар вилояти мо бо иштироки сармояи ширкатҳои Туркия ҳамагӣ 104_то, аз ҷумла, 48 корхонаи муштарак ва 56 корхонаи хориҷӣ фаъолият пеш мебаранд.
Дар соли 2023 дар доираи амалӣ намудани 13 лоиҳаи инвеститсионӣ аз Туркия ҳамагӣ ба миқдори 15,7 миллион доллар сармоягузории хориҷӣ аз худ гардид. Мувофиқи Барномаи давлатии сармоягузорӣ имсол дар вилояти мо дар ҳамкорӣ бо давлати Туркия 2 лоиҳаи нави сармоягузорӣ амалӣ мешавад. То ҷамъбасти сол дар доираи ин лоиҳаҳо 2 миллион доллар сармоягузориҳои хориҷӣ азхуд карда мешаванд.
Аз ҷумла, дар ноҳияи Қӯшработ дар заминаи ҶММ «ALIHAN PRGANIC AGRO LLC» лоиҳаи «Коркарди гули лаванда» амалӣ мегардад ва сармоя ба миқдори 500 ҳазор доллари ИМА азхуд карда мешавад.
Соли 2023 гардиши маҳсулот дар самти робитаҳои савдою иқтисодии вилоят ва Ҷумҳурии Туркия 268,1 миллион долларро ташкил кард. Дар доираи он 226,6 миллион долларина воридот (импорт) ва 41,5 миллион долларина содирот (экспорт) амалӣ гардид. Ба давлати Туркия асосан ришта, меваю сабзавот ва маҳсулоти дигар содирот карда шуд.
Инчунин дар байни шаҳри Самарқанд ва шаҳрҳои Сакария (соли 2019), Афёнкараҳисор (2022), Куния (2023) ва Газиантеп (2023)-и Туркия барои роҳандозӣ намудани робитаҳои бародарӣ ба созиш расиданд.
Хизмати ахбори Садорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои хориҷии вилоят.
