Ovozi.uz

Бемасъулиятӣ ва ҳолатҳои коррупсионӣ дар назорати сохтмон ва энергия зери танқид гирифта шуд

Дирӯз ҷамъомади навбатии Шӯрои минтақавии мубориза бар зидди коррупсияи вилоят баргузор гардид.

Ба ҷамъомад раиси Шӯрои минтақавӣ Ш.Негматов сарварӣ кард. Дар он раиси кумитаи масъалаҳои суд-ҳуқуқ ва мубориза бар зидди коррупсия Абдулҳаким Эшмуродов, аъзои шӯро, роҳбар ва ходимони нозироти минтақавии назорати сохтмон ва хонаву ҷойи вилоят, инчунин роҳбар ва кормандони шӯъбаи нозироти минтақавии «Ӯздавэнергоназорат» дар Самарқанд иштирок намуданд.

Дар ҷамъомад аввал норасоӣ ва ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳаи бинокорӣ ва хоҷагии коммуналии хонаву ҷой, инчунин корҳо роҷеъ ба иҷрои қонунҳо ва пешгирии коррупсия дар Садорати вилоятии «Ӯздавэнергоназорат» баррасӣ карда шуданд.

Дар ҷамъомад роҳбарони ҳар ду идора ба норасоӣ ва ҳолатҳои коррупсионӣ, ки муайян карда шудаанд, эзоҳ доданд, инчунин роҷеъ ба бартараф намудани онҳо ва ба соҳаи аз коррупсия холӣ табдил додани сохтор таклифу дархостҳои худро пешниҳод намуданд.

Дар ҷамъбасти маҷлис чораҳои бар асоси «Харитаи роҳ» дар вилоят пешгирӣ кардани коррупсияи маишӣ, бартараф намудани омилҳои коррупсия, инчунин дар ҷомеа ташаккул додани муҳити муносибати бе муросо ба коррупсия муайян карда шуданд.