Ovozi.uz

Ҳолатҳои вобаста ба марги кӯдакон муҳокима гардиданд

Дар ҳокимияти вилоят ҳолатҳои вобаста ба марги кӯдакон, ки дар мобайни рӯзҳои 20 то 29-уми феврал рух дода буданд, баррасӣ шуданд.

Маълум карда шуд, ки дар ин давра дар вилоят ҳамагӣ 4 нафар, дар ноҳияи Оқдарё 2 нафар, дар ноҳияҳои Нуробод ва Ургут 1 нафарӣ фавти кӯдакон ба қайд гирифта шудааст.

Ҳисоботи Садорати тандурустии вилоят, роҳбарони иттиҳодияҳои тиббӣ, шифокорони оилавӣ, патронаж ва ҳамшираҳои шафқат шунида шуд.

Таъкид гардид, ки аз ҷониби органҳои прокуратура, ташхиси кормандони тиб ва сабабҳои марги кӯдакон, масъалаҳои ҳаракат ё беҳаракатии шахсони масъулро омӯхта, рӯзҳои наздик хулосаи ниҳоӣ эълон хоҳад шуд.

Дар охири мулоқот ба масъулон супориш дода шуд, ки бояд аз хориҷи кишвар мутахассисон биёранд ва дар навбати аввал кормандони соҳаи тиб дар минтақаҳое, ки сатҳи фавти модару кӯдак зиёд аст, оид ба солимии репродуктивӣ ва нигоҳубини занони ҳомила омӯзонида, таваллудхонаҳоро бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз намоянд.