Як рӯз баъди дарс аз донишгоҳ хона мерафтам. Аз бозори Сиёб мегузаштам, ки телефонам садо дод. Дидам, модарам занг задааст. Намедонам чаро, вале ҳамон лаҳза ҷавоб надодам ва телефонро хомӯш кардам.
Ҳангоми баромадан аз бозор як манзара дили маро такон дод: зани калонсоле дар даст телефон гиря мекард. Ба назди ӯ рафта пурсидам:
— Холаҷон, хайрият? Чаро гиря мекунед?
Бо ашк гуфт:
— Ба писарам занг задам, аммо вай «баъдтар гап мезанем» гуфт. Худо саломатиашро диҳад, вале дилам ноором аст.
Ин сухан мисли оина буд. Ман ҳам худи ҳамин корро бо модарам ба таври ноаён кардам. Зуд аз назди он зан дур гардида, аввалин коре, ки анҷом додам — ба модарам занг задан шуд.
Ҳамон лаҳза фаҳмидам: барои модар чизе аз шунидани овози фарзандаш муҳимтар нест. На маблағ, на тӯҳфа, балки танҳо суханҳои «Модарҷон, ман хубам!» дили ӯро таскин медиҳад.
Модар тамоми умр барои фарзанд ранҷ мекашад, вале бар иваз танҳо мехоҳад садои ӯро бишнавад. Пас, фарзандон бояд ҳаргиз модарро интизор нагузоранд. Як занги кӯтоҳ метавонад ашки чашмони ӯро ба табассум табдил диҳад.
Диёр РОЗИҚЗОДА,
донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд
