Ovozi.uz

Ба сифати кори роҳсозон вақт баҳо медиҳад

Роҳу кӯчаҳо ҳамчун рагҳои хунгарди бадани инсон дар тамоми гӯшаву канори шаҳру ноҳияҳои вилояти мо паҳн гардидааст. Дарозии умумии онҳо дар шаҳру ноҳия ва масканҳои аҳолинишини вилоят 17806 километрро ташкил мекунад. Қисмати зиёди роҳҳо, ки пештар сохта шуда буданд, бо гузашти солҳо ҳоло таъмирталаб шудаанд.
Бояд гуфт, ки солҳои охир дар миқёси ҷумҳурӣ ба масъалаҳои таъмири роҳҳо эътибори калоне дода мешавад. Инро мо дар мисоли вилояти худ низ дида метавонем.
Танҳо соли гузашта 1742,7 километри роҳҳои автомобилгарди шаҳру дохилии маҳаллаҳои вилоят мумфаршу шағалпӯш карда шудаанд. Барои ин гуна корҳо 673,6 миллард сӯм харҷ гардид. Инчунин, барои 15 адад пул-кӯпрук дар ҳаҷми 835,1 метри мураббаъ корҳои сохтмониву монтажкунӣ ба анҷом расонида шуданд.
Агар то моҳи январи соли 2023 роҳҳои таъмирталаб 5398 километр буда бошад, дар ҳолати 1-уми январи соли 2024 он ба бештар аз 1000 километр кам гардид. Яъне, соли равон 4286 километр роҳҳои таъмирталаб мавҷуданд, ки бояд ба ифоқа оварда шаванд.
— То охири соли 2024 дар миёқёси вилоят 1914,7 километр роҳҳо асфалту шағалпӯш кардан дар назар дошта шудааст, — гуфт ҷонишини директори Муассисаи давлатии хизмати фармоишгари ба роҳҳои минтақавии Самарқанд Акбар Мирзоев. — Инчунин сохтани 6 адад кӯпрук дар нақша аст. Дар байни моҳҳои январ-июни ҳамин сол роҳҳои автомобилгарди маҳаллаҳо ба қадри 284,6 километр шағалпӯш карда шуда, ба масофаи 25,3 километр роҳ мумфарш хобонида шуданд. Ин гуна корҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, массивҳои Ӯзбекситони нав, аз рӯйи супоришҳои Президенти мамлакатамон вақти сафарашон ба Самарқанд, мувофиқи барномаи «буҷети кушода» ва ғайра давом доранд.
Дар ҳудуди вилоят тибқи меъёрҳои «Маҳаллаи обод», «Кӯчаи обод» ва «Хонадони обод» тағйиротҳои куллӣ ба амал бароварда мешаванд. Роҳсозон ҳам дар зарфи моҳҳои гузаштаи соли равон роҳҳои дохилии чор маҳалларо ба масофаи 8,6 километр асфалтпӯш карданд.
Имрӯзҳо давраи дуввуми таъмири кӯчаҳои Регистону Панҷакент бо суръат идома дорад. Дар ин ҷо ба масофаи 2,3 километр (аз ҳалқаи Тайлоқ то чорроҳаи маҳаллаи Раҷабамин) роҳҳо наву азнавсозӣ карда мешаванд. Барои таъмири ин роҳ 57 миллиард сӯм маблағ пешбинӣ шудааст.
— Ҳангоми таъмиру азнавсозӣ, пеш аз ҳама, мо ба сифати кор аҳамияти калон медиҳем, — фаҳмонд ҳангоми сӯҳбат мудири лабораторияи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «NEW TECH Samarkand» Ҷамол Раҳимов. — Баъди ба охир расидани корҳои заминӣ ба баландиҳои муайян қуму шағал хобонида, шибба ва баъд асфалт мекунанд. Бари ин роҳ 14 метр аст. Дар ҳар самт гузаштани нақлиёти дуқатора пешбинӣ шудааст. Дар ҳар ду тарафи роҳ лоток — ҷӯйҳои бетонӣ гузошта мешаванд. Инчунин, бунёди сабзазор, пайроҳаи пиёдагардӣ ва роҳи велесипедронӣ дар нақша аст. Аллакай таъмири бештар аз як километри ин роҳ ба охир расонида шуд.
Соли 2025 бо мақсади беҳгардонии инфрасохтори роҳҳои вилоят дар доираи барномаи инвеститсионӣ сохтмону таъмири 219,4 километри роҳҳои шаҳру нуқтаҳои аҳолинишин ва 6 пул пешниҳод карда шудаанд.
То имрӯз кафолати таъмиру роҳсозӣ як сол муқаррар гардида бошад, минбаъд муддати хизматрасонии роҳҳо 4 сол муайян шудааст.
Ба сифати кори роҳсозон вақт доварӣ мекунад.

Б.ҶУМЪАЕВ