Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо паҳн шудаанд, ки гӯё дар ҳудуди Эрон «абрҳои кислотаӣ» ба вуҷуд омада, метавонанд бо боришот ба ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ расанд. Ин маълумотҳо аз нигоҳи илмӣ асос надоранд.
Боришоти кислотаӣ дар натиҷаи дар атмосфера муддати дароз ҷамъ шудани оксидҳои сулфур (SO₂) ва оксидҳои нитроген (NO₂) ба вуҷуд меояд. Ин моддаҳо дар абрҳо бо буғи об ба реаксияи кимиёвӣ ворид шуда, борони кислотаиро ба вуҷуд меоранд. Чунин равандҳо асосан дар минтақаҳои калони саноатӣ ва дар наздикии манбаъҳои мустақими партовҳо мушоҳида мешаванд.
Ҳангоми ҳаракати массаи ҳаво ба масофаҳои дур, консентратсияи моддаҳои ифлоскунанда дар таъсири турбулентсияи атмосфера, омехташавии амудӣ, инчунин равандҳои нишастани хушк ва намнок ба таври назаррас кам мешавад. Аз ин рӯ, дар масофаи ҳазорҳо километр аз манбаъ пайдо шудани боришоти кислотаӣ дар сатҳи хатарнок қариб номумкин аст.
Ғайр аз ин, ба вуҷуд омадани боришот ба равандҳои маҳаллии ташаккули абрҳо вобаста мебошад ва асосан аз ҳисоби буғи об ва аэрозолҳое, ки дар атмосфераи болои ҳамон минтақа мавҷуданд, шакл мегирад.
Тибқи маълумоти мушоҳидаҳои метеорологӣ ва мониторинги сифати ҳавои атмосфера, хатари кӯчидани абрҳои кислотаӣ ба ҳудуди Ӯзбекистон ва давлатҳои ҳамсоя мушоҳида намешавад.
