Эҳтимол касе нест, ки деҳаи Амонқӯтанро, ки дар ағбаи Тахтақорачаи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд воқеъ аст, надонад ва аз табиати зебою ҳавои тозаи он баҳра набардошта бошад. Ин мавзеъ, ки дар миёни кӯҳҳо ҷойгир буда, вилоятҳои Самарқанд ва Қашқадарёро ба ҳам мепайвандад, ҳамеша аз сайёҳони дохиливу хориҷӣ пур аст.
Дар деҳа зиёда аз 3500 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Бо дарназардошти ҷойгиршавӣ ва иқтидори минтақа, сайёҳӣ ҳамчун драйвери асосӣ муайян карда шудааст. Ҳоло дар деҳа зиёда аз 40 хонаи истироҳатӣ, ҷойҳои истироҳати мавсимӣ, 30 нуқтаи хизмати маишӣ мавҷуданд. Имсол дар майдони 20 гектар лоиҳаи бузурги сайёҳӣ амалӣ карда мешавад.
Дар қарори аз 29-уми ноябри соли 2024 “Дар бораи чораҳои рушди минбаъдаи фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилояти Самарқанд ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум”-и Сарвари давлатамон пешбинӣ шуда буд, ки дар баробари 14 деҳа ва маҳаллаи 9 ноҳия ва шаҳри вилоят ба Амонқӯтан низ мақоми “Деҳаи сайёҳӣ” дода мешавад.
Дар асоси ин қарор, дар вилоят барои расидан ба мақоми деҳаи сайёҳӣ имконияту шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд. Барои дар Амонқӯтан сохтани объектҳои сайёҳӣ ва беҳтар намудани инфраструктура нақшаи махсус тартиб дода шуд. Дар вилоят мувофиқи нақша марказҳои тандурустӣ ва истироҳатӣ, меҳмонхонаҳо, муассисаҳои сайёҳӣ ташкил карда шуданд ва корҳо дар ин самт давом доранд.
Чанд рӯз пеш бахшида ба мақоми деҳаи сайёҳӣ гирифтани Омонқӯтон чорабинӣ баргузор гардид.
Дар маросим иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев, масъулони Кумитаи сайёҳӣ ва сокинони деҳа ширкат варзиданд. Роҳбари вилоят қайд кард, ки маҳаллаи Амонқӯтан дар вилояти Самарқанд калонтарин ва сердаромадтарин минтақа мебошад. Дар мавсими тобистон ба маҳалла рӯзе то 5-10 ҳазор нафар истироҳаткунандагону сайёҳон меоянд. Табиати хушманзараи ноҳия, кӯҳҳои баланд, оби мусаффои аз дарё ҷоришуда одамонро ба худ мекашад. Бо мақсади фароҳам офаридани қулайиҳо ба меҳмонони деҳа, инфрасохтор такмил дода шуд. Имрӯзҳо зиёда аз 50 хонаҳои меҳмонии оилавӣ, воситаҳои ҷойгиркунии капсулаҳо ва дигар нуқтаҳои хидматрасонӣ фаъолият пеш мебаранд. Меҳмонон бо намоишҳое, ки баҳри истифодаи имкониятҳои нави деҳаи сайёҳӣ нигаронида шудаанд, шинос шуданд ва ба раиси маҳалла сертификат дар бораи мақоми деҳаи сайёҳӣ гирифтани Амонқӯтан тақдим карда шуд.
