Ovozi.uz

Ҷойҳое, ки сайёҳон бояд бубинанд

Охирин бор кай ба Булунғур рафта будед? Дар моҳҳои март–апрел онҳое, ки тавассути шоҳроҳи байналмилалии автомобилии М-39 ба самти Тошканд ҳаракат мекунанд ва ба вилояти мо меоянд, шоҳиди манзараи аҷиб мешаванд. Як тарафи роҳи калон лолазор шудааст. Одамон чунин ҳодисаи зебои табиатро на ҳар рӯз мебинанд, бинобар ин аз мошинҳояшон фаромада, каме он ҷо таваққуф мекунанд ва тамоми ташвишҳояшонро фаромӯш месозанд. Агар роҳи шумо ҳам ба он тарафҳо афтад, шумо низ метавонед дар фасли баҳор аз ин зебоӣ баҳра баред.

— Агар чунин зебоӣ ба сайёҳони хориҷӣ низ нишон дода шавад, на танҳо аз табиат, балки аз тағйироте, ки дар манзилҳои замонавии Ӯзбекистони Нав дар ноҳияамон амалӣ мегарданд, онҳоро огоҳ кардан имконпазир мегардад, — гуфт Обидҷон Сатторов, ҷонишини ҳокими ноҳияи Булунғур.

Оғоз ёфтани сафар ба Булунғур маҳз аз ҳамин ҷо шавқи дидани дигар ҷойҳои ҷолиби ноҳияро боз ҳам бештар кард. Бо роҳбарии О.Сатторов, сарфи назар аз боридани борон, мо аз маҳаллаи Бешқӯтон гузашта, ба маҳаллаи Боғбон, ки ба Ғаллаорол наздик аст, роҳ пеш гирифтем. Ба гуфтаи аҳолии маҳаллӣ, дар он ҷо рӯи сангҳои кӯҳ суратҳое ҳастанд, ки дар замонҳои қадим кандакорӣ шудаанд. Як чӯпон ҳангоми ба мо роҳ нишон додан, таъкид кард, ки расмҳои рӯи сангҳои ин мавзеъ, ки дараи Етимсой ном дорад, аз ҷониби бобоёнашон низ дида шуда, ёдгории хеле қадимӣ мебошад.

Сарфи назар аз боридани борон, мо ба ҷустуҷӯи нақшҳои рӯи сангҳо шурӯъ кардем. Агар ин суратҳои ба зӯр намоён аз ҷониби таърихшиносон омӯхта шуда, қадимӣ буданашон тасдиқ гардад, шумораи ёдгориҳои ноҳия боз як адад зиёд мешавад. Ғайр аз ин, ҳаво ва табиати маҳаллаи Боғбон чунон зебо аст, ки инсон намехоҳад аз он ҷо баргардад.

Пас аз он ки маҳаллаи Эрганаклии Булунғур, дар соли 2025 мақоми «деҳаи сайёҳӣ»-ро гирифт, Муртазо Азизов аз аввалинҳо шуда, барои сайёҳони хориҷӣ ва маҳаллӣ кушодани хонаи меҳмонро ба роҳ мондааст. Дар хонаи меҳмонии оилавии ӯ бо номи «Murtazo» барои омӯхтани шароити деҳот ва расму ойинҳои миллӣ аз ҷониби сайёҳон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

— Азбаски дар деҳаи Болғалии маҳаллаи мо ҷойҳои зиёрати зиёд мавҷуд аст, сайёҳон зуд-зуд меоянд, — гуфт М.Азизов. — Аз ин рӯ ман қарор додам, ки хонаи меҳмон кушоям. Ба наздикӣ дар Академияи сайёҳии вилоят омӯзиши серӯза баргузор гардид ва ман ҳам дар он иштирок кардам. Ҷопониҳое, ки дар он ҷо ба мо дарс доданд, ба шароит ва табиати деҳаамон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Мо ният дорем ба меҳмонон арзишҳо ва таомҳои миллии худро нишон диҳем. Соли гузашта, вақте ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ 120 нафар меҳмон омаданд, мо ба онҳо таоми брендиамон — кулчатойро омода кардем ва онҳо хеле хурсанд шуданд. Бо кушодани хонаи меҳмон 5 нафарро бо кор таъмин намудем. Барои он ки ёфтани мо мушкил нашавад, онро дар харита ҷойгир кардаем.

Дар ҳақиқат, бароҳат будани хонаи меҳмон ва фароҳамии шароитҳо мусоид ҳамаи сайёҳони хориҷӣ ва маҳаллиро шод мегардонад.

— Дар маҳаллаи мо ба ҳисоби умумӣ се ҷойи сайёҳӣ мавҷуд аст: яке таърихӣ — қалъаи Шероз, дувум — зиёратгоҳи Хоҷа Ҳофиз ва сеюм — токзор. Айни ҳол 20 хонаи меҳмон кушода шудааст. Моҳи ноябри соли гузашта, аз байни 49 маҳаллаи Булунғур маҳз ба маҳаллаи мо мақоми деҳаи сайёҳӣ дода шуд. Агар соли 2025 ба ҳудуди мо 150 нафар сайёҳ омада бошад, имсол ният дорем ин шумораро ба 1,5 ҳазор сайёҳи хориҷӣ расонем. Илова бар ин, шумораи меҳмонони маҳаллӣ низ афзоиш ёфтааст, — гуфт раиси маҳаллаи Эрганаклӣ Темир Саидаҳмадов.

Дар ҷараёни сафар бе дидани зиёратгоҳи Хоҷа Ҳофиз ва қалъаи Шероз баргаштан ғайриимкон буд. Дар зиёратгоҳи Хоҷа Ҳофиз ба рӯҳи гузаштагон Қуръон тиловат карда шуд. Тибқи маълумот, Хоҷа Ҳофиз Меросӣ дар нимаи дуюми асри XV зиндагӣ карда, яке аз ҳафт олими ҷаҳон будааст, ки Қуръони Каримро бо ҳафт усули қироат хонда метавонистааст. Ӯ дар ноҳияи Булунғур таваллуд шуда, дар шаҳри Машҳади Эрон вафот кардааст. Мувофиқи васияти ӯ, пас аз шаш моҳи маргаш султон Убайдуллохон хоки ӯро ба маҳаллаи ҳозираи Эрганаклӣ оварда, дафн кардааст. Қайд гардид, ки ин мақбара имрӯз аз ҷониби бисёр шахсоне, ки ба сафари Ҳаҷ мераванд, зиёрат карда мешавад.

Мавзеи таърихии ноҳия — қалъаи ҳарбии Шероз солҳои 1396–1402 аз ҷониби Амир Темур бунёд гардидааст. Дар он замонҳо қалъаро ҷӯйи Булунғур бо чуқурии 20 метр иҳота карда, ворид шудани душманро душвор гардонидаааст. Бори охир дар солҳои 2016–2019 олимони Донишкадаи археологияи Самарқанд дар қалъа тадқиқоти илмӣ гузаронида, ҷойҳои таърихии ёфтшударо барои ҳимоя аз боришот пӯшонидаанд.

Умуман, тамоми минтақаҳои Самарқанд бо ёдгориҳои таърихӣ, зебоӣ ва қадамҷоҳои муборакашон машҳуранд. Ноҳияи Булунғур ҷузъи ҷудонашавандаи онҳост. Агар роҳи шумо ба ин ноҳия афтад, ҳатман ба ҷойҳои дар боло зикршуда рафта бо чашмони худ онҳоро бубинед. Пушаймон намешавед!

Шаҳзод КЕНҶАЕВ