Ovozi.uz

Дар шаҳри Самарқанд мусобиқаҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба триатлон ва Ҷоми ҷаҳон оид ба паратриатлон оғоз ёфт

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа котиби Шӯрои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, раиси Федератсияи триатлони Ӯзбекистон Виктор Маҳмудов, ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев, вазири варзиш Адхам Икрамов, ҷонишини якуми раиси Кумитаи миллии олимпӣ Отабек Умаров, котиби генералии КМО Ойбек Касимов, раиси Кумитаи паралимпӣ Мухторхон Ташхоҷаев иштирок намуданд.

Дар мусобиқа варзишгарони хориҷии беш аз 28 кишвар ширкат менамоянд. Дар миёни онҳо иштирокчиёни Олимпиада ва варзишгарони сатҳи баландтарини ҷаҳон, аз ҷумла Лиза Тертш, Бет Поттер, Кассандр Бегран, Мигел Идалго, Васко Вилача барои пирӯзӣ мубориза мебаранд.

Дар доираи World Championship варзишгарон дар масофаҳои зерин қувва ва имкониятҳои худро нишон медиҳанд: шиноварӣ — 1,5 км, марҳилаи велосипедронӣ — 40 км ва давидан — 10 км.

Ҳамчунин, варзишгарони дорои имконияти маҳдуд, аз ҷумла онҳое, ки бо аробачаи маъюбӣ ҳаракат мекунанд ва ё дорои маҳдудияти биноӣ мебошанд, бо роҳбаладони худ дар масофаҳои спринт — шиноварӣ 750 м, велосипедронӣ 19 км ва давидан 5 км қувваозмоӣ мекунанд.

Пурҳаракат ва ҷолиб будани пойга нишон медиҳад, ки Самарқанд на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар арсаи байналмилалии варзиш низ ҳамчун маркази босуръат рушдёбандаи триатлони ҷаҳон мавқеи худро мустаҳкам мекунад.