Дар Донишгоҳи давлатии техникии Самарқанд ба номи Мирзо Улуғбек ба муносибати 60-солагии таъсисёбии ин муассисаи таълими олӣ чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони ҳокимияти вилоят, масъулони муассисаҳои таълими олӣ, хатмкардагони собиқи донишгоҳ, профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок карданд.
Иштирокчиён нахуст бо намоишгоҳҳое шинос шуданд, ки таърихи муассисаи таълимиро инъикос мекарданд. Дар намоишгоҳҳо оид ба фаъолияти ҳар як факултет ва кафедра, инчунин дастовардҳои дар тӯли солҳои фаъолият бадастомада маълумот пешниҳод гардид.
Таърихи донишгоҳ аз соли 1966 оғоз мегардад. Он замон на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ ба меъморон ва муҳандисони соҳибихтисоси соҳаи сохтмон ниёзи зиёд вуҷуд дошт. Пас аз заминларзаи Тошканд, ки моҳи апрели соли 1966 рух дод, бо қарори ҳукумат Донишкадаи давлатии меъморӣ ва сохтмони Самарқанд таъсис ёфта, бо як факултет, ҳафт кафедра ва 525 нафар донишҷӯ фаъолият оғоз мекунад. Барои ташкили дарсҳо биноҳои интернати рақами 19-и шаҳри Самарқанд ҷудо карда мешавад. Баъдтар муассиса соҳиби биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳои донишҷӯён ва иншооти варзишии худ гардида, шумораи факултетҳо ба чор ва кафедраҳо ба 25 адад расидааст.
— Дар чор соли охир дар таърихи донишгоҳ ду тағйироти муҳим ба амал омад, — гуфт ректори Донишгоҳи давлатии техникии Самарқанд ба номи Мирзо Улуғбек Чидем Туркйилмаз. — 8-уми ноябри соли 2022 бо қарори Президенти кишвар ба донишкада мақоми донишгоҳ дода шуд. Аз 26-уми ноябри соли ҷорӣ бо қарори Президенти кишвар дар заминаи он Донишгоҳи давлатии техникӣ таъсис ёфт. Ҳоло дар таълимгоҳ баробари мактабҳои мавҷудаи меъморӣ, сохтмон, дизайн ва шаҳрсозӣ, самтҳои энергетика, механика, металлургия, муҳандисии кимиё, мехатроника ва робототехника, инчунин муҳандисии компютерӣ низ густариш дода мешаванд. Инчунин, аз соли таҳсили 2027–2028 мактаби пешрафтаи муҳандисӣ дар соҳаи технологияҳои интеллектуалии обро ба роҳ хоҳем монд.
Айни замон дар донишгоҳ тақрибан 9 ҳазор нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд. Дар бинои нави таълимӣ, ки масоҳати он қариб 28 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, синфхонаҳои таълимӣ барои 4300 нафар, китобхона бо 350 ҷойи нишаст ва беш аз 20 лабораторияҳои замонавӣ фаъолият доранд.
Донишгоҳ ҳамкориҳои байналмилалии худро низ густариш медиҳад. Дар айни замон он бо муассисаҳои таълими олӣ ва ташкилотҳои 22 кишвари ҷаҳон ҳамкорӣ дорад.
Иштирокчиёни чорабинӣ ҳайати кормандони донишгоҳро ба муносибати ин санаи фархунда табрик гуфта, саҳми муассисаро дар омода намудани мутахассисони соҳибихтисос барои соҳаи сохтмон ва дигар бахшҳои кишвар баланд арзёбӣ карданд. Роҳбарияти донишгоҳ низ ба собиқ роҳбарон, профессорону омӯзгорон ва хатмкардагоне, ки дар ин муассиса фаъолият намуда, барои баланд бардоштани обрӯю нуфузи он саҳм гузоштаанд, ба нишони сипос тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
