Дар Хонаи матубуоти вилоят бо иштироки масъулони филиали таъминоти гази «Ҳудудгаз Самарқанд» оид ба имкониятҳои мавҷудаи таъминоти гази вилоят ва ҷараёнҳои рақамикунонии он, инчунин корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ дар шабакаҳои гази табиӣ ва омодогӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
Таъкид гардид, ки айни замон дар 754 маҳаллаи вилоят 535 ҳазору 718-то истеъмолкунандаи гази моеъ буда, ба онҳо 423-то объектҳои соҳаи иҷтимоӣ, 2-то қисми ҳарбӣ ва 1-то шуъбаи қӯшунҳои сарҳадӣ дохил мешавад. Аз моҳи январи соли 2026 то 12- уми октябр ба истеъмолкунандагон 54 612, 7 тонна гази моеъ дарстас карда шудааст. Дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ барои аҳолӣ 980-то газбалони нав барои истифода супорида шуда, бо мақсади таъмини шаффофияти хизматрасонӣ ва назорати фаъолияти воситаҳои нақлиёт, ҳамаи онҳо бо дастгоҳҳои GPS ва камераҳои назоратӣ таъмин карда шудаанд.
— Дар доираи омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 ба таъмир ва азнавсозии шабакаҳои гази табиӣ дар минтақа, санҷиши техникии иншооти тақсимоти газ ва таъмини эътимоднокии лӯлаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад, — гуфт ҷонишини якуми директори филиали «Ҳудудгаз Самарқанд» Юсуф Даминов. — То 12-уми октябри соли 2026 дар маҷмуъ 63,2 километр шабакаҳои газ таъмир шудаанд. Аз ин шумора 44,4 километр лӯлаҳои газ пурра таъмир гардида, дар 18,1 километри шабакаҳо корҳои реконструксия анҷом дода шуданд. Аз ҷиҳати санҷиши ҳолати лӯлаҳои гази зеризаминӣ, 2469,2 километри шабака ба ҷои 2413,3 километр тафтиш карда шуданд. Дар мавриди ранг кардани лӯлаҳои газ, нақшаи 304,7 километр ба 326 километр расонида шуд.
Инчунин, дар нишаст ҷорӣ гардидани низоми шиносоии шахс тавассути Face ID дар соҳаи таъминоти газ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, масъулон аҳамияти онро дар такмили низоми хидматрасонӣ ва таъмини шаффофияти фаъолият мусбат баҳогузорӣ карданд.
Нишасти матбуотӣ бо саволу ҷавобҳо идома ёфт.
Зафар АМОНОВ
