Дар ҳокимияти вилоят вобаста ба рафти иҷрои Қарори Сарвари давлат аз 3-юми январи соли 2025 «Дар бораи чораҳои боз ҳам зиёд намудани самаранокии сохтори фароҳам овардани муҳити бехатар дар маҳаллаҳои ҷумҳурӣ ва пешгирии барвақти ҷиноятҳо дар соли 2025» ҷамъомад баргузор гардид.
Дар ҷамъомад, ки бо иштироки ҳоким, прокурор ва сарвари Садорати корҳои дохилии вилоят баргузор гардид, рафти иҷрои «харитаи роҳ»-и оид ба пешгирии ҷинояткорӣ дар ноҳияҳо (шаҳрҳо) ва маҳаллаҳо, барқарор намудани вазъи криминоген, таъмини иҷрои пурраи вазифаҳои ба зиммаи штабҳо гузошташуда, гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ бо тоифаҳои алоҳидаи шаҳрвандон дар минтақаҳо ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳисоботи роҳбарони сохторҳои масъул шунида шуда, барои иҷрои онҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ба аъзои гурӯҳи кории штаб ҷиҳати пурзӯр намудани мулоқот бо аҳолӣ оид ба татбиқи қарор, баланд бардоштани самаранокии чорабиниҳои профилактикӣ дар самти ошкор намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо тавсияву супоришҳои дахлдор дода шуд.
