Ҳукумати Британия метавонад нисбати шабакаи иҷтимоии X-и Илон Маск чораҳои шадид андешад. Ин ба сабаби моҷарои истифодаи платформаи зеҳни сунъии Grok барои тағйири аксҳои занон ва кӯдакон дар мазмуни ҷинсӣ аст. Дар ин бора «The Telegraph» хабар дод.
Ба гуфтаи вазири илм, инноватсия ва технологияҳои Британия Лиз Кендалл, танзимгари медиаи кишвар Ofcom метавонад дар давоми чанд рӯз бар зидди платформаи X чора андешад.
Сарвазири Британия Кир Стармер аз Ofcom хоҳиш кард, ки пеш аз бастани X, ки дар кишвар қариб 20 миллион истифодабаранда дорад, ҳама чораҳои имконпазирро бар зидди платформа баррасӣ кунад.
Рӯзҳои охир, корбарони X аз Grok дархост карданд, ки аз аксҳои занони воқеӣ, аз ҷумла сиёсатмадорон ва машҳурон, бо истифода аз зеҳни сунъӣ либосҳоро тоза кунад. Нозирони интернетии Британия гуфтанд, ки баъзе аз тасвирҳо дар шабакаҳо паҳн шудаанд ва метавонанд ҳамчун маводи зӯроварии ҷинсӣ нисбати кӯдакон тасниф карда шаванд.
Илон Маск кӯшиш кардааст, ки баҳсҳоро дар атрофи чат-боти зеҳни сунъии Grok-и худ бо роҳи дастрас кардани ин хидмат танҳо барои муштариёни пардохткунанда кам кунад. Аммо ҳукумати Британия мегӯяд, ки ин басанда нест.
