Ovozi.uz

Фарзанди ятим

Занеро шавҳараш аз дунё гузашт ва барои рӯҳи ӯро шод кардан шабҳои ҷумъа ғизое омода мекард ва ба фарзанди ятими худ медод, то ба ҳамсояҳо расонад.

Кӯдаки маъсум бо он ки аз он ғизои махсус бенасиб буд, онро ба ҳамсояҳо тақсим  мекард ва  бо оби даҳон ба хона бармегашт.

Шабе ҳангоми бурдани ғизо косаи сабри кӯдак лабрез шуд ва онро худаш хӯрд.

Он шаб зан шавҳарашро дар хоб дид, ки ба ӯ мегӯяд: «Танҳо ғизои имшабаат ба ман расид».

Зан аз хоб бедор шуд ва бо камоли шигифтӣ аз фарзандаш пурсид:

— Дишаб ғизоро ба ки додӣ ва он шабҳои дигар низ ба ки медодӣ?

Кӯдак дар ҷавоб гуфт:

— Ман шабҳои гузашта ғизоро ба ҳамсояҳо медодам ва чун дишаб зиёд гурусна будам ва аз бӯи хуши ғизо оби даҳонам рафт, онро хӯдам хӯрдам.

Пас аз ин зан донист, ки беҳтарин кор барои рӯҳи шавҳараш ин аст, ки фарзанди ятими ӯро сер нигаҳ бидорад.

Аз интернет