Ovozi.uz

Хулосаи экологиро акнун тавассути my.gov.uz онлайн гирифтан мумкин аст

Ҳангоми оғози фаъолияти нави соҳибкорӣ ё сохтмони иншоот гирифтани хулосаи экологӣ зарур аст. Ин ҳуҷҷат тасдиқ мекунад, ки фаъолияти пешбинишуда ба муҳити зист зарар намерасонад.

Акнун ин ҳуҷҷатро тавассути портали my.gov.uz онлайн, бе муроҷиат ба идораҳои гуногун гирифтан мумкин аст.

Барои дастрас намудани хидматрасонӣ зарур аст: ➖ ба my.gov.uz ворид шуда, аризаи электрониро пур ва ҳуҷҷатҳои лоиҳаи экологиро боргузорӣ кард;➖ шуъбаи ноҳиявии экология ва Маркази экспертиза ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо месанҷанд; ➖ маблағи хидматрасониро тавассути телефон пардохт кард; ➖ хулосаи омодашударо дар шакли электронӣ зеркашӣ намудан.

Муҳим: хулосаи экспертиза дар давоми 39 рӯзи корӣ пешниҳод карда мешавад.

Маблағи пардохт вобаста ба навъи иншоот муайян гардида, аз 0,3 то 25 БРВ-ро ташкил медиҳад.

Муҳлати амали хулосаи экспертиза вобаста ба навъи ҳуҷҷат аз 3 то 5 сол мебошад.

Ҳамин тариқ, ҳуҷҷатҳои зарурии экологиро акнун метавон фосилавӣ ва бе муроҷиат ба муассисаҳои давлатӣ ба расмият даровард.