Аз рӯи хабари хизмати Матбуоти БҲР якчанд шаҳрванди Ӯзбекистон, ки бо автобуси русуми «Skania» аз Нижний Новгород меомаданд дар ноҳияи Кинели вилояти Самара ба садамаи роҳ дучор шудаанд. Дар натиҷаи он, 2 нафар ҳалок гардида, 10 нафари дигар захм бардоштаанд. Захмиён дар шифохона хобонида шудаанд. Маълум гардид, ки ҳодиса соати 01:00 (ба вақти Тошканд 12:00) аз сабаби суръати баланди автобус мувозинат гум шуда, автобус ғелида ба садама рӯ ба рӯ шудааст. Ҳоло барои бартараф кардани оқибати он идораҳои дахлдори Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон чораҳои заруриро мебинанд.
Шаҳрвандони Ӯзбекистон дар вилояти Самара ба садама дучор шуданд
