Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият
Имрӯз дар вилояти Самарқанд кадом омилҳо зиндагии маҳаллаҳоро тағйир медиҳанд? Низоми маҳалла дар ояндаи наздик дар назди худ иҷрои кадом вазифаҳоро гузоштааст? Бо ин ва дигар саволҳо ба сарвари Садорати Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд Исроил Ҷабборов муроҷиат кардем.
— Исроил Исмоилович, вилояти Самарқанд яке аз минтақаҳои калонтарини кишвари мост. Ҳаҷми кор бо аҳолӣ низ хеле бузург аст. Идоракунии чунин низоми мураккаб имрӯз аз чӣ оғоз мешавад?
— Пеш аз ҳама аз дарки амиқи вазъи воқеии ҳар як маҳалла. Ҳамаи минтақаҳоро аз рӯйи як қолаби ягона идора кардан имконнопазир аст. Ҳар як маҳалла хусусият, имконият ва муаммоҳои хоси худро дорад. Имрӯз дар вилояти Самарқанд наздик 4,3 миллион нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Аз ин шумора 2,1 миллион нафарро занон ва қариб 1 миллион нафарро ҷавонони аз 14 то 30‑сола ташкил медиҳанд. Дар вилоят 793 631 хонавода ва беш аз 1 миллион оила мавҷуд аст. Ин, бешубҳа, масъулияти хеле бузург мебошад.
— Аз ин бармеояд, ки маҳаллаи замонавӣ набояд танҳо як ҳудуди маъмурӣ бошад, балки ба маркази ҳалли муаммоҳои рӯзмарраи мардум табдил ёбад…
— Албатта, ҳамин тавр. Маҳалла бояд маконе бошад, ки дар он ҳар як инсонро мешиносанд, суханашро мешунаванд ва дастгирӣ мекунанд. Дар чунин муҳит нисбат ба муаммоҳои касе бетафовут будан ҷоиз нест. Барои як оила масъалаи бо ҷойи кор таъмин шудан муҳим бошад, барои оилаи дигар беҳтар кардани шароити манзил, таъмини оби нӯшокӣ ё таъмири роҳ метавонад муҳим бошад. Аз ин рӯ, вазифаи мо танҳо ҷамъоварии маълумот нест, балки дарки он аст, ки мардумро воқеан чӣ ташвиш медиҳад ва барои ҳалли муаммоҳои онҳо чӣ роҳу чора пайдо кунем.
— Сохтмони биноҳои нави маҳаллаҳо ва навсозии биноҳои мавҷуда низ яке аз самтҳои муҳими фаъолият ба шумор мераванд…
— Мо хуб дарк мекунем, ки фаъолияти самаранок пеш аз ҳама аз фароҳам овардани шароити зарурӣ оғоз меёбад. Дар давоми сол дар вилоят 82 бинои нави маҳалла бо арзиши умумии 22,2 миллиард сӯм мавриди истифода қарор гирифт. То охири сол ба истифода додани боз 24 иншоот дар нақша аст. Дар натиҷа, шумораи маҳаллаҳое, ки бинои алоҳидаи худро доранд, ба 1 ҳазору 063 адад мерасад. Дар доираи лоиҳаи «Ба 35‑солагӣ — 35 бино» бо ҷудо намудани 11,8 миллиард сӯм 10 бинои нави маҳалла сохта шуда, боз 25 иншоот азнавсозӣ гардиданд. Ҳамчунин, соли 2026 дар 451 бинои маҳалла панелҳои офтобӣ насб карда шуданд. Барои бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳазгардонии ҷойҳои корӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунем. Ба ин мақсад, 3 ҳазору 768 маҷмуи мебел, 1 ҳазору 267 адад таҷҳизоти компутерӣ, принтеру планшет ва 385 адад кондитсионер харида шуд. Муҳим он аст, ки барои кормандони маҳаллаҳо шароити муосири корӣ фароҳам оварда шавад, то онҳо муроҷиатҳои шаҳрвандонро сари вақт баррасӣ карда, вазифаҳои худро босифат иҷро намоянд.
— Биёед, дар бораи маблағҳои 10 дарсади, ки дар ихтиёри маҳаллаҳо гузошта мешаванд, низ суҳбат кунем. Ин механизм дар ҳалли муаммоҳои маҳаллӣ то чӣ андоза самарабахш аст?
— Ин воситаи хеле муҳим мебошад. Зеро эҳтиёҷҳои як маҳалла метавонад аз ниёзҳои маҳаллаи дигар ба куллӣ фарқ кунад. Кӣ беҳтар аз сокинони худи маҳалла медонад, ки кадом масъаларо пеш аз ҳама бояд ҳал кард? Дар вилоятамон ҳаҷми умумии ин маблағҳо 105,9 миллиард сӯмро ташкил медиҳад. То имрӯз 60,6 миллиард сӯми он харҷ шуда, 45,3 миллиард сӯм боқӣ мондааст. Аз ҳисоби ин маблағҳо барои беҳтар намудани инфрасохтор як қатор корҳо анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, 4 ҳазору 880 чароғи равшанидиҳии шабона, 57 сутуни барқ, 12 трансформатор ва 117 ҳисобкунаки барқ насб гардид. Дар самти роҳсозӣ низ корҳои назаррас анҷом дода шуданд: ба 54,9 километр роҳ шағал рехта, 34,2 километри он бетон ва 11,3 километр асфалтпӯш карда шуд. Аз ҷумла, бунёди 100,6 километр роҳрави саломатӣ аҳамияти хос дорад. Ғайр аз ин, 102 майдончаи бозии кӯдакон таъмир ва 38 майдончаи нав сохта шуда, беш аз 6 ҳазор адад асбобу анҷоми корӣ харидорӣ гардид.
— Инфрасохтор танҳо як тарафи масъала аст. Аммо оилаҳое низ ҳастанд, ки ба кумаки махсус ниёз доранд. Корҳо дар ин самт чӣ гуна ба роҳ монда шудаанд?
— Самти иҷтимоӣ бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ бошад. Агар дар паҳлуи кӯчаҳои ободу зебо оилаҳое зиндагӣ кунанд, ки дар шароити вазнин қарор доранд ва ба кумак ниёзманданд, чунин маҳалларо наметавон комилан обод номид. Соли равон дар 522 манзили оилаҳое, ки шароити зисташон вазнин буда, ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёз доранд, корҳои таъмирӣ анҷом дода шуданд. Ҳамчунин, ба 2 ҳазору 681 нафар шаҳрванд дар маҷмӯъ ба маблағи 1,8 миллиард сӯм кумаки моддӣ расонида шуд. Аммо набояд танҳо бо расонидани кумаки моддӣ маҳдуд шавем. Зарур аст, ки вазъи ҳар як оиларо омӯхта, сабаби муаммоҳои онҳоро дарк кунем ва роҳҳои беҳтар намудани шароити зиндагияшонро ҷустуҷӯ намоем.
— Ҳоло ташаббусе амалӣ мегардад, ки ба сабзазоркунӣ ва ободонии маҳаллаҳо нигаронида шудааст. Дар доираи ин лоиҳа чӣ вазифаҳоро пеш гузоштаед?
— Мо мехоҳем ҳар як маҳалла ба макони боз ҳам муносибу бароҳати зиндагии сокинон табдил ёбад. Барои истироҳати мардум бояд майдонҳои сабз, кӯчаҳои обод ва низоми хуби равшанидиҳӣ мавҷуд бошанд. Дар доираи ташаббусе, ки аз 21 сентябр то 21 ноябр амалӣ мегардад, дар 388 маҳалла ташкил намудани «Боғи маҳалла» пешбинӣ шудааст. Дар 169 маҳалла 4 ҳазору 400 чароғи шабона насб карда мешавад. Илова бар ин, шинондани 2,2 миллион ниҳоли дарахт ба нақша гирифта шудааст. Имрӯз дар доираи лоиҳаи «Маҳаллаи сабзу равшан» дар 94 маҳалла боғҳои маҳалла ташкил карда шуда, 3 ҳазор чароғи шабона насб гардидааст. Ҳамчунин, ба гирифта партофтани бетонҳои гирди дарахтон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад.
— Лоиҳаи дигари ҷолиб — «Авлоди заковатманд — авлоди солим». Чаро рушди инфрасохтори кӯдакон ва дастгирии фаъолияти китобхонаҳо дар доираи як лоиҳа муттаҳид карда шудаанд?
— Авлоди солиму донишманд асоси ояндаи ҷомеа мебошад. Имрӯз барои кӯдак на танҳо шароити хуби таҳсил, балки имкониятҳои рушди ҷисмонӣ, муошират, эҷодкорӣ ва аз худ кардани донишҳои нав низ заруранд. Дар доираи лоиҳае, ки то 10 декабр амалӣ мешавад, таъмири 109 майдончаи бозии кӯдакон ва таъсиси боз 136 майдончаи нав ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар 158 маҳалла захираи китобхонаҳоро ғанӣ гардонида, дар 100 маҳалла китобхонаҳои нав ташкил карда мешаванд. Мо мехоҳем барои кӯдакон имконият фароҳам оварем, то вақти холии худро самаранок гузаронанд, бо варзиш машғул шаванд, китоб хонанд ва қобилиятҳои худро инкишоф диҳанд. Махсусан муҳим аст, ки чунин имкониятҳо на танҳо дар шаҳрҳои калон, балки дар маҳаллаҳои дурдаст низ бошанд.
— Ба назари Шумо, нишондиҳандаи муҳимтарини самаранокии фаъолияти низоми маҳалла чист?
— Ба назари ман, нишондиҳандаи муҳимтарин дигаргуниҳои воқеӣ дар зиндагии мардум аст. Бинои зебо сохтан, роҳро таъмир кардан ва чароғ насб намудан мумкин аст. Ҳамаи ин зарур мебошад. Аммо агар дар баробари ин муаммоҳои аҳолӣ беэътибор гузошта шаванд, пас кор ҳанӯз ба анҷом нарасидааст. Роҳбар, пеш аз ҳама, бояд нисбат ба худ ва ҷамоаи худ серталаб бошад. Зарур аст, ки ҳамеша аз вазъи маҳалҳо огоҳӣ дошта, муаммоҳоро сари вақт муайян кунад ва ба натиҷаҳои мушаххас ноил гардад. Муҳимтар аз ҳама, боварии мардум аст. Ин боварӣ на бо сухан, балки бо корҳои амалӣ ба даст меояд.
— Дар солҳои наздик маҳаллаҳои Самарқандро чӣ гуна дидан мехостед?
— Ман мехоҳам ҳар як маҳалла ободу сабзазоршуда, бехатар ва замонавӣ бошад. Барои кӯдакон майдончаҳои бозӣ ва китобхонаҳо, барои ҷавонон имкониятҳои татбиқи иқтидору ташаббусҳои худ ва барои намояндагони насли калонсол шароити муносиби зиндагӣ фароҳам оварда шаванд. Ҳеҷ як инсон набояд аз таваҷҷуҳ дур монад.
Мусоҳиб З.БОЛТАЕВА
Ҳаёти маҳаллаҳоро чиҳо тағйир медиҳанд?
