Ovozi.uz

Маънои воқеии хондан

Science

— Устод, ман китобҳои зиёде хондаам, аммо бештарашонро фаромӯш кардаам. Пас фоидаи хондан чист?

Ин пурсиши шогирди кунҷков буд аз устодаш.

Чанд рӯз баъд канори рудхонае нишаста буданд. Пирамард ногаҳон гуфт:

— Ташнаам, бароям каме об биёвар… Аммо бо он обкаши қадимӣ, ки онҷост.

Шогирд мутааҷҷиб шуд. Дархости аҷибе буд — читур мешуд бо обкаши пур аз сурох об овард?

Аммо ҷуръат накард мухолифат кунад.

Обкашро бардошту талош кард.

Як бор… ду бор… борҳову борҳо…

Сареътар давид, зовияашро иваз кард, ҳатто саъй кард сурохҳоро бо ангуштҳояш бипӯшонад.

Ҳеч кадом корсоз нашуд. Натавонист ҳатто як қатра об нигаҳ дорад.

Хаставу ноумед обкашро канори пои устод андохту гуфт:

— Мутаассифам, натавонистам, ғайримумкин буд.

Устод бо меҳрабонӣ ба ӯ нигаристу гуфт:

— Ту шикаст нахӯрдӣ. Ба обкаш нигоҳ кун.

Шогирд нигоҳ андохт… ва чизе дид. 

Обкаши қадимию сиёҳу касиф ҳоло медурахшид.

Об ҳарчанд дар он намонда буд, аммо борҳову борҳо аз он гузаштаву шуста будаш то бароқ шуда буд.

Устод идома дод:

— Хондан ҳам ҳамин гуна аст.

Муҳим нест агар ҳар ҷузъиётро ба хотир наспорӣ, муҳим нест агар донистаҳоят мисли об аз зеҳнат берун мераванд…

Зеро дар ҳангоми хондан зеҳнат тоза мешавад, руҳат неру мегирад, афкорат нафас мекашанд ва ҳатто агар билфосила мутаваҷҷеҳ нашавӣ, дарунат дар ҳоли дигаргунӣ аст.

Ин аст маънои воқеии хондан — на барои пур кардани ҳофиза, балки барои шустану ғанӣ сохтани руҳ.

Таҳияи ШАҲЗОД.