Ovozi.uz

Андешаҳо


Сабаби дарозумрӣ

Аз донишманде пурсидаанд:
— Сабаби дарозумриатон дар чист?
— Худам ҳам намедонам, — гуфт вай хаёломез. — Ман ҳамеша аз аблаҳон дур мегаштам ва аз нобасомониҳои дунё асабамро вайрон намекардам.
Орзу
Дар ин дунё шахсеро ёфтан душвор аст, ки орзу надошта бошад. Дару дарвозаи орзуву ҳавас ҳамеша боз аст. Барои орзу ҳеҷ вақт андоз ситонида намешавад. Хоҳӣ, дар орзу қаср бисоз!
Муҳимаш, ҳеҷ кас ба ту ҳасад намекунаду ором орзу карда мезиҳию бо орзуҳоят мемирӣ…
Пулпарастон
Одамон ҳам ҳар тоифа мешаванд:
— гурӯҳе мансабпарастанд, мабодо аз курсии мансабашон сабукдӯш шаванд, ба дарди фалаҷ гирифтор мешаванд;
— баъзеҳо мошинпарастанд, тез-тез мошинашонро бо зару зевараш иваз карда наистанд, устухонашон намеояд;
— бархе молпарастанд, мол ҷону дилашон, худашонро «ту-ту» гӯянд ҳам, молашонро «шумо-шумо» мегӯянд;
— боз чанде ҷоҳу ҷалолпарастанд, аз сохтани иморату қасру кӯшк ҳеҷ гоҳ монда намешаванд;
— аммо аксарият пулпарастанд. Аз ҳамин гурӯҳи охир бохабар шавед! Ҳамин ки онҳо пулдор шуданд, аз паси иваз кардани зан мешаванд.
Гап соҳибашро меёбад…
Рафтору гуфтор
Гуфтори одамизод гарм бошад ҳам, баъзан рафтораш хунук шуданаш мумкин. Рафтори хунук бошад, бинои маънавияти инсонро ба касифӣ мебарад.
Кӯшиш ба харҷ барем, то рафтору гуфторамон ба ҳам оянд.
Беморӣ
Бемориҳо ду навъ мешаванд: сиҳатшаванда ва сиҳатнашаванда.
Буғзу адоват ҳам яке аз навъҳои «бемории» сиҳатшаванда аст. Дасти тиббиёт барои табобати чунин беморон кӯтоҳ аст.
Буғзу адовати ноҷо инсониятро рафта-­рафта ба вартаи ҳалокат мебарад.
Сергапон
Дар ҳаёт сергапоне ҳастанд, ки манаҳашонро бо латтае бандед ҳам, кӯшиш мекунанд, бо биниашон гап зананд.
Чӣ чора? Букриро охиру оқибат гӯр дуруст мекунад.


Солеҳ Саид МУРОД