Ovozi.uz

Бузурге баробар барои ҳама

Ҳамасола 15‑уми апрел ба муносибати зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар Хона-музейи ба номи Айнии шаҳри Самарқанд чорабиниҳои адабӣ гузаронида мешаванд. Дар он баробари аҳли адаб ва устодону донишҷӯёни муассисаҳои таълими олии Самарқанд, дӯстдорони эҷодиёти устод ва меҳмонони хориҷӣ низ иштирок менамоянд.

Чорабинии навбатӣ, ки дирӯз дар он ҷо баргузор гардид, бо тиловати Қуръон оғоз ёфта, ба ҳаққи гузаштагон дуо карда шуд.

— Хонаи устод Айнӣ солҳои дароз аст, ки вазифаи хонаи дӯстӣ, хонаи шеъру адабро иҷро менамояд, — гуфт профессори ДДС Аслиддин Қамарзода. — Устод ин хонаро баъди аз Бухоро ба Самарқанд омадан, бо кумаки дӯстони наздик дарёфт намудаанд. Аз ҳамон давр боз ин манзил садҳо бузургони адабиёту илму фани ӯзбеку тоҷикро меҳмони худ кардааст. Пас аз марги Айнӣ, бо ташаббуси Шароф Рашидов ба осорхона табдил дода шудани хонаи устод низ аз баланд будани ҳурмати ин марди шариф дар байни ду халқи бародари ӯзбеку тоҷик далолат медиҳад.

Сипас, зиёиёни дигар низ роҷеъ ба хидмати Садриддин Айнӣ дар рушди адабиёти муосири халқамон фикру андешаҳои худро гуфтанд ва ба пойи муҷассамаи ӯ гулдастаҳо гузоштанд. Санъаткорон сурудҳои дилнишинро ба самъи иштирокдорони чорабинӣ расониданд.

Дар қисми навбатии чорабинӣ роҳбари хона-музей Амриддин Пӯлодов пеш аз эълон кардани баромади донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Самарқанд таъкид намуд, ки ба осорхона чанд экспонатҳои нав овардаанд. Онҳо иборат аз нусхаҳои чопии аввалини китобҳои нависанда ба забонҳои хориҷӣ, лавҳу таҷҳизоти навиштан, дастхатҳои шеърҳои шоирони форсу тоҷик ва ғайра буда, барои ҳозирин туҳфаи ғайричашмдошт шуд.

Дар охир аз ҷониби Маркази миллӣ-­мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят ба кормандони осорхона туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, ҳозирин аз хона-музей дидан карданд.

Шаҳзод КЕНҶАЕВ