Ovozi.uz

Дар донишгоҳ Маркази китобҳои Хитой кушода шуд

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим»-и Самарқанд нахустин Маркази китобҳои Хитой кушода шуд.

Китобхона таҳти ташаббуси донишгоҳ ва нашриёти “Jenmin huabao” таъсис ёфта, мақсад аз ташкил мустаҳкам кардани робитаҳои фарҳангии байни Ӯзбекистон ва Хитой мебошад.

Дар маросими кушодашавӣ намояндагони нашриёт ба китобхона беш аз 1000 адад асарҳои нодирро доир ба фалсафа, санъат, тиб, инчунин, адабиётҳои бадеиро тақдим намуданд.

Ҷонишини сардори шӯъбаи нашриёти давлати Чин хонум Юй Юндзин таъкид намуд, ки то ҳол дар беш аз 10 кишвари ҷаҳон чунин марказҳо кушода шудааст.

Дар поёни тадбир ҷавонони ду мамлакат — Хитой ва Ӯзбекистон сӯҳбат карда, масъалаҳои ҳамкориро дар соҳаҳои фарҳанг, таълим ва робитаи байналмилалӣ баррасӣ карданд. Таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳо барои таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Хитой мусоидат мекунад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА