Аксарияти аҳли дунёи имрӯза авлоди ноёбест, ки ҳам ду асрро дидаасту ҳам гувоҳи ду ҳазорсола шудааст. Дар ҳақиқат, асри пешина, ҳазорсолаи пешина аз ҳозира батамом фарқ мекунад. Ба назари мо дунё дар ҳеҷ аср чун дар асри ХХ бисёр фоида ҳам ва бисёр зарар ҳам надидааст. Вале ҳоло фурсати шумурдани тафсилотҳои он нест. Ҳоло сухан дар бораи фалсафаи инсон аст, ки дар даври ҳозира дар муомила мебошад.
Аз як донишманд пурсидаанд: «Муаммое, ки дар таърихи башарият аз ҳама беш омӯхтаанд, чист?»
Ӯ «Инсон» гӯён посух додааст. Ба ростӣ ҳам чунин мебошад. Тарзи зисти мавҷудоте, ки дар бешазорҳои аз ҳама зич зиндагӣ мекунанд, метавонед мушоҳида кунед, ҳаракати мавҷудоти дар қаъри баҳр бударо омӯхтан мумкин, вале ба қалби инсон оина дошта намешавад.
Ҳоло баъзе олимон иддао мекунанд, ки тавассути зеҳни сунъӣ фикру эҳсосоти инсонро метавон хонд. Вале онҳо ҳар қадар исбот биёранд ҳам, ин иддаоҳо то ҳол тасдиқи худро наёфтаанд. Эҳтимоли калон дорад, ки намеёбанд ҳам. Сабаб ин ки қалби инсон офаридаи илоҳӣ ва алгоритмҳои он танҳо ба Парвардигор аён аст. Барои он ки сухан бо исботаш шавад, ба платформае, ки бар асоси заҳни сунъӣ барномасозӣ карда шудааст, савол фиристода шуд, ки «Ба воситаи зеҳни сунъӣ қалби инсонро хондан мумкин аст?». Посухи ӯ чунин шуд: «Зеҳни сунъӣ қалби инсонро бевосита хонда наметавонад. Таҳлил кардани ифодаҳои рӯй, оҳанги овоз ё ки контексти матн ба тахмин кардани эҳсосот ёрӣ медиҳад. Технологияҳои мазкур дар ҳолатҳои муайян метавонад фоиданок бошад, вале саҳеҳии онҳо доимо ҳам бокафолат намешавад, чунки эҳсосоти инсон мураккаб ва бисёрқабата аст».
Дунё ба нуқтаи аз ҳама баланде расид, ки тафаккури инсон метавонист муяссар шавад, гуфтан алҳол барвақт будагист. Чунки тафаккур сарҳад надорад. Вале то ҳамин нуқта низ қувваи ақл кайҳо ба бисёр сутунҳои маънавиамон тавонист зарба диҳад. Аз канор назар андохта, ба дунёи замонавӣ мехоҳед таърифи ҷанги ақл ва руҳро диҳед. Мо низ аз сабаби иштирокчии ин ҷанг будани худ ба мулоҳиза кардан душворӣ мекашем, барои башорат намудани оянда дудила мешавем.
Яке аз шиносҳоям савол дод: «Илоҷи аз замон ҳимоя кардани худ ҳаст?». Ман посух додам, ки «Нест». Вай гуфт, ки «Илоҷ дорад, чизҳои даркориро мегирию, дар ягон ғор тарки дунё мекунӣ ва зиндагиро дар ҳамон ҷо идома медиҳӣ». Посухи ман чунин шуд: «Одамон дар заминҳои ба ту наздик заводҳои гуногун месозанд ва газҳои заҳрноке, ки аз онҳо мебароянд, умри туро низ кӯтоҳ мекунанд». Пас аз ин суханҳо шиносам тан гирифт, ки фикраш хато будааст. Дар ҳақиқат замон ба ҳама як хел таъсир мекунад, чораи аз он гурехтан нест — танҳо метавонед шароитро тағйир диҳед. Асоси суханҳоямон низ ҳамин аст. Пас шароити ҳозираи мо чӣ хел бошад? Истеъмолчии оддӣ ё ки паҳнкунанда?
Вақте ки компутерҳои аввалинро сохтанд, дар соҳаи технология инқилоб рӯй додааст. Агар ба он баъзе мамлакатҳо ҳамчун воситае, ки корҳои ҳаррӯза ва тиҷоратиро сабук мекунад, нигоҳ карда бошанд, барои дигарон он манбаи илҳоми ҳақиқӣ буд. Яъне, аз ин ҳам зӯрҳояшро офаридан мумкин! Ғолиб баромадани кадом тарафро замони имрӯза исбот карда истодааст. Мутаассифона, халқҳое, ки дар минтақаи мо истиқомат мекунанд, дар тоифаи якум монданд.
Яъне, мо аз ибтидо дар олами ахбор истеъмолчӣ шуданро афзал донистем. Акнун мо маҷбурем, ки ҷабри инро солҳои тӯлонӣ кашем. Агар мо нафаҳмем, ки дар глобалшавии имрӯза танҳо бо кашфиётҳо зиндагӣ кардан мумкин аст, бар зидди ахбор иммунитети умумиминтақавиро ташаккул надиҳем, технологияҳои ахбориро танҳо ба сифати соҳа не, ҳамчун шабака ривоҷ надиҳем. Оё мо ба ин тайёрем? Ҳамаи муаммо дар ҳамин аст.
Мо ояндаро чӣ хел тасаввур мекунем? Агар ин саволро ба ҷавонон диҳед, онҳо ояндаро дар расидан ба озодии иқтисодӣ, ба оилааш тӯҳфа карда тавонистани имконияти ҳаёти сабук тасаввур мекунад. Дар калонҳо вазъият аз ин ҳам аҷибтар аст — онҳо баробари фарзанддор шудан, ояндаро дар камолоти фарзандони худ мебинанд.
Дарвоқеъ, тасаллои «Ба мақсадҳое, ки ман нарасидаам, бачаҳоям бирасанд» низ бештар хоси мо бошад даркор. Инсон ҳатто аз даҳ як ҳиссаи қувваи ақлии худро сарф накарда, «таслим шавад», то чӣ андоза аз рӯи адолат мешавад? Ин аз набудани ирода аст, ё иммунитети миллӣ? Акнун хуб фикр кунем. Вақте ки қашшоқӣ аз шуурамон сар шавад, мо чӣ тавр ба сафи мамлакатҳои бой дохил шуда метавонем? Оё меарзад, ки барои озодии иқтисодӣ тамоми ҳаёти худро бахшед? Наход барои мо падару модар шудан оддиякак қурбон кардани орзу ва мақсадҳо, қувваҳои инсонӣ бошад?
Дида мешавад, ки дар ҷаҳонбинии мо норасоиҳо низ ҳаст. Талаби аз ҳама ҳаққонии инсоният баробарӣ аст. Илмҳои дунёвӣ ҳам, илмҳои илоҳӣ ҳам дар ҳеҷ як нуқта инро инкор намекунад. Яъне, бачаяке, ки дар кадом як кунҷи дунё дар шароити беобӣ зиндагӣ мекунад, ҳақ дорад, ки аз бачаи оби ҳаётро аз зарурият бештар сарфкунанда, сарфакориро талаб намояд. Азбаски, озодӣ, тасаввур, захираҳои табиӣ мулки умумии мост, онҳоро истифода бурдани ҳама аз рӯи адолат мешавад. Вале ба аҳволи дунёи имрӯза нигоҳ карда, гувоҳ мешавем, ки ин қонуният пурра кор намекунад.
Дар ин маврид, ҳар як инсон дар рад кардани ҳуқуқҳои табии худ бо дигарон ҳуқуқи якхела дорад. Ҳеҷ кас ваколати инсонӣ надорад, ки ба ҳудудҳои шахсии як нафари дигар дахолат кунад. Вале дунё ба майдони тазйиқҳои гуногун табдил ёфт ва пурқувватҳо ғоя ва мафкураҳои гуногунро ба сӯи камқувватҳо бераҳмона мепартоянд. Ин бошад, бе ҳеҷ шакку шубҳа вайрон шудани фалсафаи инсон ба ҳисоб меравад.
Дар байни ин ғояҳо аз ҳама аламовараш ҳамоне, ки ҳаракат мекунад инсонро аз моҳияти худ дур кунад. Мисол, яке аз онҳо квадробика. Ин субмаданият аз соли 2020 ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад. Асосгузори он, шахси японӣ видеолавҳаҳои ба ҳайвонҳо тақлид карданро дар интернет ҷойгир ва дигаронро низ ба ин тарғиб кард. Ҳамин тавр ин «одат» оммавӣ гардида, шумораи квадраберҳо зиёд шуд. Мувофиқи маълумотҳо, дар баъзе давлатҳои дунё аз рӯи квадробика гузарондани мусобиқа оғоз ёфтааст. Мутаассифона, касофати ин субмаданият ба мамлакати мо низ омада расид. Ба қарибӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеолавҳаҳое паҳн шуданд, ки дар он дар кӯчаҳои шаҳри Тошканд ҳаракатҳои бачаяке, ки қурбони «одат»-и мазкур шудааст, дидан мумкин аст.
Дар хабари Вазорати корҳои дохилӣ низ гуфта шудааст, ки вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ байни ҷавонон дар ҳоли истифода аз аксессуарҳои қиёфаи ҳайвони муайянро акскунанда субмаданияти квадроберии тақлид ба ҳаракатҳои ҳамон ҳайвон намоён мешаванд. Қайд гардидааст, ки чунин воқеаҳо дар байни ҷавонони Қазоқистон, Россия ва Украина низ мушоҳида шудаанд. Чунин ҳаракатҳои номақбул дар пойтахти мамлакатамон низ ба чашм расидана. Аз ҷумла 10‑уми октябри соли равон квадробереро дидаанд, ки ниқоби қиёфаи ҳайвонро пӯшида мегашт. 11‑уми октябр боз як квадробер дар ниқоби саг ба вай тақлид карда, ба атрофиён ҳуҷум кардааст. Дар натиҷа, бачае, ки ба воқеа шоҳид шуда буд, сахт тарсидааст.
Вазорати корҳои дохилӣ падару модаронро даъват кард, ки вазифаҳои маънавӣ ва ӯҳдадориҳои қонунии худро роҷеъ ба тарбияи ҳаматарафа баркамол шудани фарзандони худ иҷро кунанд. Вазорат ба сифати яке аз идораҳое, ки ба таъмини кафолати ҳуқуқҳои бачаҳо масъул аст, маълум кард, ки ҳолатҳои намоён шудани чунин субмаданият аз тарафи падару модарон иҷро нашудани маҷбуриятҳои онҳо маънидод карда мешавад.
Хӯш, асоси ин субмаданият дар чист? Тавсифро кашол надода, хулоса кунем, онҳо аз қиёфаи инсонӣ баромада, тарғибкунандагони тарзи зисти ба ҳайвонҳо хос мебошанд. Чун маймун ҷаҳидан, саг барин ҳуҷум кардан, гурбавор хӯрок хӯрдан ва ғайра. Акнун ба хотир оваред, ки олиме бо номи Дарвин назарияи дар бораи аз маймун паҳн шудани инсонро дорад. Ин назарияро бисёриҳо рад кардаанд ва ҳоло низ рад мекунанд. Чаро? Чунки вай инсонро ба сифати мавҷудоти биологии оддӣ тасвир карда, офаридаи илоҳӣ будани ӯро инкор мекунад. Муҳтасар гӯйем, дарвинчиён Парвардигорро рад мекунанд. Агар дурусттар мулоҳиза кунем, дар асоси квадробика низ ғояи мазкур ҳаст. Яъне, инсонро аз моҳияти худ мосуво намуда, ба ӯ додани нисбати ҳайвонӣ мебошад. Ин хулоса, ки баданро ба ларза меорад, айнан то чӣ андоза манфӣ будани субмаданиятро нишон медиҳад. Агар одам худро аз ин саривақт ҳимоя накунад, бадали он ниҳоят вазнин мешавад.
Ҳамкасбам ҳикоя кард: «Дар байни фарзандонам тахминан чунин сӯҳбат баргузор шуд.
— Бовар мекунед, чун гурбаи ҳақиқӣ мияв-мияв кард. Дар болои майса чорпоя гашт. Ҳатто яке аз рафиқонаш аз гарданаш бо тасма баста гирифтааст.
— Апа, эҳтиёт шавед. Онҳо ба шумо ҳамла карданашон ҳам мумкин буд.
Бо мақсади дурустар фаҳмидани ин сӯҳбат ба мулоқоти фарзандонам ҳамту гӯш мекардам. Вақте ки сӯҳбат ба ин нуқта расид, ҳушёр шудам. Росташ, тарсидам.
— Дар бораи кӣ ҳарф мезанӣ? Кӣ мумкин ҳуҷум кунад?
— Дар ҳавлии биноҳои бисёркабатаи истиқоматии шафати мактаби мо духтарони квадробер гаштаанд. Онҳо тахминан ҳамсоли мо (яъне, 10–12‑сола), — гуфта ба сӯҳбат равшанӣ андохт вай.
Эҳтимол, духтарони ҳамту бозӣ карда гашта бошад, гуфта худро ором гирифтам ва аз интернет дар бораи квадроберҳо маълумот ҷустуҷӯ кардам: Квадробика — тренде, ки дар байни бачаҳо ва наврасон оммавигардида буда, омехтаи ҳоббӣ, субмаданият ва фитнесс мебошад. Квадроберҳо ниқобҳои хайвонҳоро мепӯшанд, дум мегузоранд ва ба ҳайвонҳо тақлид карда, чорпоя мегарданд ва меҷаҳанд… Ғайр аз ин, тавсия ба хавотирҳои эксперт ва психологҳо дар бораи оқибатҳои салбии он… Саволе ба миён меояд: падару модарони духтароне, ки ба гурба тақлид мекунанд, дар куҷоянд? Агар онҳо бо кор банд бошанд, ҳаққу ҳамсоя нестанд, ки волидайнро аз ин огоҳ кунанд? Эҳтимол инро бачаҳо дар интернет дида, чун бозӣ қабул кардаанд? Модоме, ки вазорати ба бехавфии мо масъул моро ба огоҳӣ даъват мекардааст, ба фарзандонамон, ҳаётамон боз як хатар ба ҳаёти мо хавф меандозад. Огоҳ будани мо шарт аст!»
Аз моҳияти инсонӣ ҷудо кардани одамизод чӣ нафъ дорад? Ин дар асл саволи хеле душвор мебошад. Охир ин ба кӣ даркор? Сабаби ин дар дунё қуввае мавҷуд аст, ки бо нияти идораи тамоми одамизод гоҳ ба таври ошкор, гоҳ пинҳон намоён мешавад. Онҳо баъзан ба намуди давлат, гоҳо ба шакли ташкилот намоён мешаванд. Вале ба ин мақсад расидан магар осон аст? Зинҳор! Агар башарият ба тафаккур кардани солим давом диҳад, миллатҳо дар роҳи эҳтироми бузург ба таърихи худ умр гузаронанд, имкони ба ин мақсади ғайриоддӣ расидан намешавад. Онҳо инро хуб дарк мекунанд. Руҳи инсонро накушта илоҷи ӯро ҷисмонан батамом нест кардан, вуҷуд надорад. Яъне нишони асосии ҳуҷум — рӯҳи инсон. Мақсад — фалаҷ кардани он. Онҳо тайёр ҳастанд дар ин роҳ аз ҳамаи воситаҳое, ки натиҷа медиҳанд, истифода баранд. Ба уқёнуси хилқатҳое чун дин, таърих, забон оила ва ғайра, ки асоси рӯҳияти инсон мебошанд, рехтани балчиқ ва лойқа кардани он мебошад.
Агар ба тиррешаи иллатҳое, ки вакилони бошуури инсоният яксон кардаанд, назар андозед, худи ҳамин мулоҳизаҳои болоиро тасдиқ мекунад. Бо фикри шумо онҳо чаро маҳз рӯҳиятро ба нишон гирифтаанд? Сабаб — инсоният дар асри гузашта чунон ба дараҷаи баланди тафаккур расид, ки он бевосита ҳосилаи дарозмуддати ду Эҳё (Ренесанс) буд. Акнун инсониятро ҳамеша ҳам бо фитнаҳои моддӣ андармон карда намешавад. Бинобар ин ҳамаи хуруҷҳо шакли ноаён касб мекунанд. Акнун ба дунёи нав Эҳёи нав лозим аст.
Аҷаб нест, ки дар асоси ғояи Эҳёи саввум, ки дар диёрамон пеш бурда мешавад, бар зидди корҳои номақбули имрӯзаи дунё ҳосил кардани имунитет гузошта шуда бошад. Чунки инсониятро аз муаммоҳои мушкил ҳамеша маърифат наҷот додааст. Вале ба чунин ташаббуси бузург ҷавоби аксарияти мо ба сифати вакили миллат ба фикрам табъи дил нест. Дар тиррешаи ин низ гузошта шудани ҳифзи тафаккури инсонии аҳли минтақа амиқ маълум аст. Инро ҳар яки мо дуруст дарк намуда, бояд хулосаҳои зарурӣ барорем.
Агарчӣ замон бошиддат пеш меравад, техника рушд мекунад, вале инсоният ба мазмун ҳамеша эҳтиёҷ дорад. Агар мазмун нобошад, сӯи моддият рафтани маънавият идома меёбад. Мавҷудоти аз моддият иборат бударо роботҳо гуфта ном додаем. Барои фарқ байни мо ва он бояд ҳар лаҳза инсонҳо мавҷудияти худро ҳис кунем, моҳияти онро ҳимоя намоем инчунин, тарғиб карда, ба авлоди оянда расонем. Зеро яке аз асосҳои фалсафаи инсон низ бешубҳа ҳамин аст.
Ҷонибек АЛИҶОНОВ
Тарҷумаи Тошқул АЗИМОВ.
