Докторанти кафедраи психологияи иҷтимоии Донишгоҳи давлатии Самарқанд Моҳигул Тоҳирова аз зумраи ҷавононест, ки дар ҷодаи илму фан бо ҷустуҷӯву фаъолӣ ва муваффақиятҳои илмии худ на танҳо дар кишвари мо, балки дар кишварҳои намоёни ҷаҳон ҳам ба эътибору эътироф сазовор мешавад. Хусусан дастури таълимии 5-ҷилдаи «Психологияи умумӣ»-и ӯ, ки ба қарибӣ бо ҳарфҳои Брайл ва лотинӣ интишор гардид, ба ӯ шуҳрати бештар овард.
Маълум аст, ки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Ӯзбекистон низ ниёз ба китобҳои барои шахсони дар биноӣ нуқсдошта хеле зиёд аст. Аз ин рӯ, таълифи ин китоб басо зарурӣ ва бамаврид шумурда мешавад. Қобили зикр аст, ки китоби муаллиф дар ҷумҳурии мо нахустин адабиёти психологии бо хати Брайл мебошад. Ҳоло шакли овозии китоб ҳам омода ва ба «Playmarket» гузошта шудааст. Шахсони нобино метавонанд аз шакли аудиоии китоб истифода намоянд.
М.Тоҳирова ҳанӯз соли 2023 барои лоиҳаи «Иловаи мобилии овозикунандаи матни расмдор барои шахсоне, ки дар биноӣ нуқс доранд» аз ҷониби Вазорати адлия гувоҳномаи муаллифӣ гирифта буд.
— Дастури таълимии «Психологияи умумӣ»-и маро шахсони солим ҳам мутолиа карда метавонанд, — гуфт муаллиф. — Чунки китоб бо хати лотинӣ низ интишор гардидааст. Аз даври таҳсил дар магистратура устодонам ба ман боварии зиёд доштанд ва аз ман илтимос мекарданд, ки бо хати Брайл китоб нависам. Навиштани китобро аз ҳамон солҳо шурӯъ кардам. Соли гузашта ҷиддитар кӯшиш намуда, онро дар тӯли як сол ба анҷом расонидам. Нусхаи барои шахсони солим пешбинишудаи китоб аз 177 саҳифа иборат буда, барои шахсони нобино дар панҷ китоби алоҳида чоп гардидааст. Сабаби бо саҳифаҳои зиёд интишор ёфтани нусхаи барои нобиноён пешбинишудаи китоб дар он аст, ки хати Брайл дар саҳифаҳо ҷои зиёдро мегирад.
Ҳарчанд таълифи дастури таълимии психологии мазкур барои шахсе, ки дар биноӣ нуқс дорад ва дар навиштан душворӣ мекашад, худ кори бузург аст, ба замми ин М.Тоҳирова китобҳоро ба таври ройгон ва ҳамчун тӯҳфа ба китобхонаҳои ҷумҳурӣ тақдим менамояд, ки ин амали ӯ шоёни таҳсини бисёр аст.
— Муроди ман аз интишори китоб маблағи зиёд ба даст овардан ё чизи дигар набуд, — фаҳмонд ӯ. — Мақсади асосии ман гузоштани ҳиссаи ноарзандаи худ барои бо китобҳо таъмин гардидани шахсони дар биноӣ нуқсдошта мебошад. Зеро худи ман ҳам замоне ба ин гуна китобҳо ниёзи зиёд доштам ва пайдо карда натавониста, дар таҳсил душворӣ мекашидам. Барои ҳамин китобҳоро ба китобхонаҳои Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишкадаи педагогии Ӯзбекистон-Финландия, мактаби нобиноёни рақами 59-и шаҳри Самарқанд, китобхонаҳои вилоят ва ғайра тӯҳфа намудем.
Бино ба суханони муаллиф, ба таълифи ин гуна китобҳо ҳама ҳам ҷазм карда наметавонад. Чунки принтери хати Брайл дар ҷумҳурии мо башумор буда, ин мушкилиҳои иҷтимоиву иқтисодиро ба миён меоварад. Китоби «Психологияи умумӣ» бо кумаки моддии ҳокимияти шаҳри Самарқанд дар дастгоҳҳои чопии шаҳри Қаршӣ ба интишор расид.
Моҳигул Тоҳирова дар оянда ба табъ расонидани китобҳои дигарро ба нақша гирифтааст ва мо ба фаъолияти ӯ барор мехоҳем.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ
