Ovozi.uz

Соли 2025 аз ғалла ҳосили зиёдтар гирем

МУРОҶИАТНОМАИ аъзои раёсати Шӯрои фермерони Самарқанд ба фермерони ғаллапарвар

Деҳқонон, фермерон ва кормандони мӯҳтарами соҳаи кишоварзӣ!

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки эҳтимоли рӯй додани камбуди маҳсулоти озуқаворӣ вуҷуд дорад, ҳамаамон эҳсос мекунем, ки истифодаи пурраи захира ва имкониятҳои мавҷудаи кишоварзӣ, афзоиши дукаратаи кишти зироатҳои озуқаворӣ, ба даст овардани ҳосили баланд ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи кишоварзӣ аз вазифаҳои муҳими рӯз ба шумор мераванд.

Дар чунин як марҳалаи мураккаб, замон аз мо — деҳқонон, фермерон ва ширкатҳои кластерӣ талаб мекунад, ки масъулиятноктар ва пурмаҳсултар меҳнати намоем.

Деҳқонон ва фермерони мӯҳтарам!

Халқи мо аз азал нонро неъмати бузургтарин дониста, эҳтиром кардааст. Дони фаровони имсолаи Ӯзбекистони нав маҳсули заҳмати софдилонаи деҳқону фермерони фидокор, миробҳо, агрономон, механизаторон, роҳбарони кластерҳои ғаллакорӣ ва мутахассисони варзидаи соҳа мебошад.

Ин дастоварди назаррас натиҷаи ислоҳоти васеъмиқёси иқтисодӣ ва амалии марбут ба рушди соҳаи ғаллакорӣ дар кишварамон аст.

Ғайр аз ин, бекор шудани амалиёти парвариши ғалла барои иҷрои супориши давлатӣ ва ворид шудани тамоюлҳои бозорӣ ба соҳа, инчунин ҳуқуқи истифодаи озодона аз қарзҳои имтиёзнок барои парвариши ғалла ва озодона интихоб намудани хизматрасонҳо ва таъминкунандагони ресурсҳо, дар баробари роҳандозии механизми биржавӣ барои хариду фурӯши дон, манфиати фермеронро зиёд намудааст.

Имрӯз мо, фермерон, эҳсос мекунем, ки супурдани ғалла ба захираи давлатӣ ё фурӯши он дар бозори биржавӣ манфиати бештар меорад.

Ҳамчунин, дар натиҷаи ҷудо кардани субсидияҳо барои роҳандозии технологияҳои сарфаи об, шумораи заминҳои ғалла, ки системаи обёрии чакрагӣ гузоштаанд, сол аз сол меафзояд.

Аз ҷумла, таҷрибаи кишти барвақтӣ ва сабзишу нашъунамои зудтари ғалла, татбиқи тавсияҳои илмии олимони соҳа, омӯзишу семинарҳои амалӣ дар ҳар марҳилаи кишту парвариш ва он гуфтаи бободеҳқонон — “Кишти барвақт — дарави барвақт” — собит намуд, ки имсол имкони ба даст овардани ҳосили фаровон фароҳам ояд.

Имрӯз хӯшаҳои расидаи майдонҳои гандуми вилоятамон чашмро шод намуда, аз ҳосили баланд дарак медиҳанд.

Барои ҳосили соли 2025, дар вилоят 4648 хоҷагии фермерӣ ва 12 кластерҳои ғаллакорӣ дар беш аз 94 ҳазору 230 гектар замин ғалла расонданд.

Фермерони меҳнатдӯсти ҳимматбаланд!

Шароити табиии иқлими Ӯзбекистон барои кишоварзӣ, аз ҷумла барои парвариши гандуми тирамоҳӣ мусоид мебошад. Мо — деҳқонон ва фермерон  барои ба даст овардани ҳосили баланд аз ҳар гектари ғаллазор бояд корҳои зеринро анҷом диҳем:

Пеш аз ҳама, дар муҳлати муайян чорабиниҳои мазкурро бо масъулият амалӣ намоем:

1. Фароҳам овардани техникаи муосир ва нерӯи корӣ барои анҷом додани дарав дар муҳлати кӯтоҳ ва бе талафот;

2. Даравидани сари замин пеш аз дарав ва сипас шудгор кардани он, инчунин ҳамвор кардани ҷӯякҳои канори замин;

3. Дар мавсими дарави ғалла, пешгирӣ аз талафот ва таъмин намудани амнияти комили зидди сӯхтор. Дар ин самт аз роҳбарони хоҷагиҳо ва ғаллакорон ин тадбирҳо талаб карда мешаванд:

* Ҳангоми дарав дар назди майдони ғалла будани трактори шудгоркунанда, техникаи обкашони барои сӯхторнишонӣ муқарраршуда ва майдони даравро муайян карда, дар миёни майдонҳо минтақаҳои муҳофизатӣ аз сӯхтор ташкил намудан;;

* Ҷойгир намудани нуқтаҳои истироҳат, шипангҳо ва ошхонаҳо барои механизаторон дар масофаи на камтар аз 100 метр дуртар аз заминҳои гандум ва истифода набурдани баллонҳои гази фишори номуайян;

* Таъмини муҳаррикҳои воситаҳои нақлиётии ба дарав ҷалбшуда бо дастгоҳҳои хомӯшкунии шарора ва асбобҳои оташхомӯшкунӣ.

Фаромӯш накунед, ки масъулияти ҷамъоварии босифат ва саривақтии ғалла барои ҳосили соли 2025 бар дӯши шумо — фермерон ва кластерҳо аст!

Фермерон ва деҳқонони азиз!

Имрӯз халқи мо бо умед ба ғайрат, ирода ва ҷасорати шумо менигарад. Бигзор як лаҳза ҳам инро аз ёд набарем. Фаровониву пурии дастурхонҳо, бозорҳои пур аз неъмат арзон ва рӯзгори осудаи мардумамон маҳз аз меҳнати вазнинамон дар ҳамин рӯзҳо вобаста аст.

Бо мақсади сазовор гаштан ба эътимоди Сарвари давлатамон ва саҳм гузоштан дар шукуфоии кишварамон, ҳамаи шуморо ба меҳнати софдилона ва нишон додани намунаи садоқат даъват менамоем!

Аъзои раёсати Шӯрои фермерони Самарқанд