ҳаракатҳои амалиро тақозо мекунад
Дар шароите, ки дар миқёси глобалӣ нобоварии бе мисл ба назар мерасад, барои таъмини бехавфии умумӣ ҷустуҷӯи тамоюлҳои нав зарур аст. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Саммити 24‑уми роҳбарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Остона баргузор гардид, инро қайд кард. Роҳбари давлат ба вазифаҳои долзарбе, ки дар назди СҲШ меистанд, эътибор нигаронд. Аз рӯи ин нуқтаи назар, вай долзарбии амалӣ кардани ташаббуси якдилии Самарқандро, ки Ӯзбекистон пешниҳод намудааст, таъкид намуд.
Бояд гуфт, ки Президентамон дар соли 2022 «Ташаббуси якдилии Самарқанд дар роҳи бехавфии умумӣ ва фаровонӣ»-ро пешниҳод карда буд.
Мазмуну моҳияти он аз роҳандозии мулоқот роҷеъ ба якҷоя ҳал намудани муаммоҳои минтақавӣ ва глобалӣ иборат мебошад.
Иқтибоси хурд
«Ҳоло дунё ба барқарор шудани боварӣ, адолат ва ҳамҷиҳатӣ бештар аз ҳарвақта эҳтиёҷ ҳис мекунад».
Дар асл ҳар як ҷумла, ҳар як сухани ҳамин нуктаи маърӯза, ки ба таҳлили алоҳида ва мушоҳидаи амиқ даъват мекунад, ба бисёр чизҳо равшанӣ меандозад. Мисол, Исроилро дар содир кардани генотсид дар Ғазо гунаҳкор дониста, ба назди Суди байналмилалӣ оварданд. Аз рӯи нуқтаи назари адолат нигоҳ кунем, ҳоло муносибатҳо бо Исроил боздошта нашаванд ҳам, оё ба он ёрӣ додан лозим нест?
Албатта, ба ин ҳама ором нигоҳ карда нанишастааст. Аз ҷумла, Никарагуа дар бораи пешгирии ҷинояти генотсиди нисбати Ғазо барои вайрон кардани маҷбуриятҳои худ роҷеъ ба конвенсия ба Суди байналмилалӣ бар зидди Олмон ариза даъво додааст.
Агарчи дар мисоли Олмон ба боварӣ дарз рафт, вале метавон гуфт, ки адолат барқарор мешавад. Вале суханони зерини роҳбари давлатамон дар асл ба боз ҳам ҷиддӣ будани масъала равшанӣ меандозад. «Пошхӯриҳои сиёсӣ ва иқтисодии глобалӣ», ҷанг-моҷароҳо ба косташавии асоси сохтори муносибатҳои байналмилалӣ ва тамоюлҳои ҳалкунанда меорад.
Тағйирот аз худамон оғоз ёбад
Мувофиқи хабаре, ки Оҷонсии ахбори «Anadolu»-и Туркия паҳн кард, роҳбари давлатамон айнан чунин ташаббусро пеш гузоштааст:
«Роҳбари давлат бо мақсади мустаҳкам намудани мулоқот ва амиқгардонии ҳамкории бисёртарафа аз СҲШ даъват кард, ки кодекси ҳамсоягии нек, боварӣ ва шарикии транссарҳадиро қабул намояд».
Ин даъвати Президентамон нақли халқамон — то худат тағйир наёбӣ, олам тағйир намеёбадро ба ёд меорад. Дарвоқеъ, ҳар як шахс ё ки ҷомеа бо тағйир додани ҷаҳонбинӣ, муносибат ва ҳаракатҳои худ дигаронро низ метавонад тағйир диҳад ва ин ҳақиқатест, ки дар тӯли солҳо исбот шудааст.
Роҳбари давлатамон, роҷеъ ба масъалаҳои бехавфӣ ҳарф зада, таъкид кард, ки фаъолияти органҳои ваколатдори давлатҳои ба СҲШ аъзоро дар доираи мубориза бар зидди даъватҳои замонавӣ ва таҳдидҳо ба бехавфӣ, аз ҷумла мутобиқшавӣ ба СҲШ идома бояд дод.
Дар рафти шиносоӣ бо маърӯза гувоҳ мешавед, ки он дар айни замон васеъмиқёс ва амиқ асоснок карда шудааст.
СҲШ барои ба даст овардани муваффақияти стратегӣ дар самти иқтисодӣ дар доираи ташкилот шартнома доир ба сабук кардани тариф — қоидаҳои савдо, дар ҳоли интегратсия кардани майдонҳои савдои рақамӣ дар соҳаи электронии тиҷорат таҳияи барномаи ҳамкориро таклиф кард.
Таъкид гардид, ки офаридани механизми дастгирии молиявии лоиҳаҳо, аз ҷумла, баррасии масъалаи ташкил намудани бунёд ва банки тараққиёти СҲШ муҳим аст.
Роҳсоз расад ба мурод…
Ин нақли кӯҳан низ имрӯз мазмуни нав касб мекунад. Бинобар ин, ҳоло бо сохтани роҳи нав робитаҳои байналмилалиро ривоҷ дода, дар натиҷа дар тамоми минтақа инкишофи барқарорро метавон таъмин кард.
Аз ин ҷиҳат, масъалаи мазкур низ аз эътибори роҳбари давлатамон дар канор намонд. Аз ҷумла, Ш. Мирзиёев зарурати дар самтҳои Шарқ-Ғарб ва Шимол-Ҷануб ташаккул додани сохтори инклюзивии нақлиётро, ки барои ривоҷёбии самараноки салоҳияти иқтисодии мамлакатҳои СҲШ хизмат мекунанд, таъкид кард.
Шавкат Мирзиёев алоҳида қайд намуд, ки таъмини рақобатбардории мамлакатҳо, гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ, роҳандозӣ кардани «зеҳни сунъӣ» ва IT-и пешқадам аҳамияти ҳалкунанда доранд.
Ҳамсояат тинҷ бошад, ту ҳам тинҷ
Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки дар шароити Ӯзбекистони Нав ин масъала ба қисми муҳими таркибии сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Аз ҷумла, гувоҳи роҳандозӣ гардидани робитаҳои наздики ҳамсоягӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, байни онҳо зина ба зина ҳал гардидани масъалаҳои сарҳад мешавем.
Аммо боз як ҳамсоя, дар айни ҳол боз як халқи ҷафокаш ҳаст, ки эътибори ҳамҷамъияти байналмилалӣ ба онҳо на танҳо барои онон, балки барои минтақа низ аҳамияти муҳим дорад. Чунки дар Афғонистон пас аз ба сари ҳокимият омадани ҳаракати Толибон на танҳо бо давлатҳои дур, баробари ҳамин бо мамлакатҳои ҳамсоя низ муносибатҳои наздик гузошта натавонистааст.
Президентамон дар давоми нутқи худ дар СҲШ ба тафовутҳо дар роҳандозӣ кардани муносибат бо расмиҳои кунунии Афғонистон ишора карда, даъват намуд, ки бо Кобул мулоқот идома дода шавад.
Ба ҳамин муносибат долзарб будани пешниҳоди барқарор кардани фаъолияти гурӯҳи мулоқоти «СҲШ-Афғонистон» таъкид гардид.
Умуман, дар вохӯрии роҳбарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай аъзо дар шаҳри Остона ба 25 ҳуҷҷати муҳим имзо гузошта шуд.
Навбати раисӣ ба СҲШ ба Ҷумҳурии Мардумии Хитой гузашт.
