Дар толори Донишгоҳи байналхалқии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим» анҷумани матбуотӣ оид ба рӯнамоии филми таърихӣ — бадеии «Баҳодур Ялангтӯш», ки ба ҳаёт ва фаъолияти саркардаи бузург, арбоби давлатӣ ва ҷамоатӣ, бунёдкори мадрасаи Тиллокорӣ ва Шердори Регистон Баҳодур Ялангтӯш бахшида шудааст, баргузор шуд.
Дар он мутасаддиёни ҳокимияти вилоят, роҳбарияти Агентии кинематографияи Ӯзбекистон ва гурӯҳи эҷодии филм иштирок карда, ба саволҳои ходимони васоити ахбори оммавӣ роҷеъ ба филми мазкур ҷавоб доданд.
— Фурсате расидааст, ки фарзандони мо на ба қаҳрамонҳои филмҳои Ғарб, балки ба қаҳрамонҳои филмҳои миллии мо ҳавас карда, ба воя расанд, — гуфт Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Ӯзбекистон Матёқуб Матчонов. — Мо ва фарзандонамон ба Брюс Лӣ, Вандам, Арнолд ва дигар қаҳрамонони филмҳои Ғарб монанд мешавем гуфта бузург шудем. Умедворам, ки акнун насли оянда мисли Баҳодур Ялантӯш мешавам, гуфта орзу мекунанд.
Таъкид намуданд, ки филми бадеии таърихӣ дар тӯли ду сол наворбардорӣ шуда, барои он 31,5 миллиард сӯм маблағ сарф шудааст ва аз ин 10 миллиард сӯм аз ҳисоби ҳокимияти вилоят пардохт гардидааст.
Сипас, дар амфитеатри «Мӯъҷиза»-и шаҳри Самарқанд премера — нахуст намоиши филм гузаронида шуд. Пеш аз пахши филм ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов, сардиректори Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов, ҷонишини директори агентӣ Шуҳрат Ризаев ва дигарон гурӯҳи эҷодии филм ва кулли халқи Ӯзбекистонро бо намоиши чунин филми бадеии таърихӣ муборакбод намуданд.
— Шуҳрату овозаи Самарқанд маҳз бо майдони Регистон вобаста аст, — гуфт Э. Турдимов. — Мирзо Улуғбек ба бунёди ин майдон асос гузошта бошад, баъд аз дусад соли бунёд гардидани мадрасаи Улуғбек, бо ташаббусу ибтикори ҳокими ҳамонвақтаи Самарқанд Баҳодур Ялантӯш ду мадрасаи дигар: Шердор ва Тиллокорӣ қад афрохтанд. Аз ин рӯ, ман ба ҳамаи дастандаркорони филм барои бори дигар зинда намудани номи ин абармарди таърихӣ ташаккуру миннатдорӣ изҳор менамоям.
Дар охир, аз ҷониби ҳокимияти вилоят ба гурӯҳи эҷодӣ ва аз ҷониби Агентии кинематографияи Ӯзбекистон ба ҳокими вилоят тӯҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.
Филм ба доираи васеи тамошобинони амфитеатр, ки аз хурду бузург иборат буданд, писанд омада, сазовори таҳсину кафкӯбиҳо гардид.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ
Нахустнамоиши филми «Баҳодур Ялангтӯш» дар Самарқанд
