Дар ноҳияи Пайариқ низ аз ҷониби хидматчиёни ҳарбии қисми низомии гарнизони Самарқанд таҳти шиори “Армияи Ӯзбекистони Нав – қудрати мамлакат, тимсоли ғурур ва садоқати бузург” бо иштироки намояндагони ҳокимияти ноҳия, роҳбари секторҳо ва ҷавонон фестивали ҳарбӣ-ватанпарварӣ гузаронида шуд.
Фестивал бо марафони пиёдагардии ”5000 қадам барои ҳаёти солим” оғоз гардида, дар доираи чорабинӣ намоишгоҳи аслиҳа ва техникаҳои ҳарбӣ, баромадҳои низомиён ташкил карда шуд.
Намоишҳои ҷанги тан ба тан аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ таваҷҷӯҳи ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ бештар намуда, сурудҳои оркестри ҳарбӣ табъи иштирокдоронро болида гардонид. Ҳамчунин, миёни низомиён ва ҷавонон мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш ва бозиҳои миллӣ баргузор гардиданд.
Дар анҷоми фестивал ҷавонони фаъоли ноҳия аз ҷониби ташкилкунандагон қадрдонӣ гардида, барномаи гала-консерт бо иштироки оркестри ҳарбии гарнизони Самарқанд ва ҳунармандони боистеъдод пешкаш карда шуд.
Чунин чорабиниҳо дар мактаби Президенти шаҳри Самарқанд, филиали Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов дар ноҳияи Ургут, мактаби таълими умумии рақами 102-и ноҳияи Каттақӯрғон низ гузаронида шуданд.
Ёдовар мекунем, ки моҳонаи ватанпарварӣ то 18-уми январ идома ёфта, чунин вохӯрӣ, фестивал ва чорабиниҳо дар тамоми минтақаҳои вилоят гузаронида мешаванд.
Хидмати матбуоти Округи марказии ҳарбӣ.
Фестивал бо марафони пиёдагардӣ оғоз гардид
