Ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Туркия таҳти сарварии раиси Маҷлиси миллати бузурги ин кишвар Нуман Куртулмуш, ки бо сафари расмӣ дар кишварамон қарор доранд, 23-юми май ба Самарқанд омаданд.
Меҳмононро дар Аэропорти байналмилалии Самарқанд намояндагони Сенати Олий Маҷлис ва Палатаи қонунгузорӣ, вакилони ҳокимияти вилоят пешвоз гирифтанд.
Раиси Маҷлиси миллати бузурги Туркия нахуст ба маҷмааи Ҳазрати Хизр рафта, қабри Аввалин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримовро зиёрат кард. Сураҳои Қуръон ва дуоҳо тиловат карданд.
Макони навбатӣ маҷмааи Имом Бухорӣ гардид. Ҳайати намояндагон баробари зиёрати қабри муҳаддиси бузург Имом Бухорӣ, аз корҳои бунёдкорие, ки дар ин ҷо бо ташаббуси Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев амалӣ мегарданд, дидан карданд. Меҳмонон ба созандагиҳое, ки дар ин макон бо мақсади мувофиқи шӯҳрати ҷаҳонии султони муҳаддисон бунёд намудани маскани зиёратӣ иҷро мешаванд, таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Нуман Куртулмуш бо боварӣ таъкид кард, ки ин маҷмаа ба яке аз қадамҷоҳои муборак табдил хоҳад ёфт, ки мусулмонони ҷаҳон мехоҳанд зиёрат кунанд.
Фаъолияти Маркази байналмилалии илмӣ-таҳқиқотии Имом Бухорӣ, корҳо бобати омӯзиш ва таҳқиқи мероси илмии мутафаккирони бузург низ ба намояндагони парлумони Туркия манзур шуд. Таъкид гардид, ки китобҳои дар солҳои минбаъда аз ҷониби кормандони марказ дар асоси дастхатҳои қадимӣ омода ва аз забонҳои дигар тарҷумашуда, моҳияти аслии дини мубини Исломро бозгӯ намуда, имкони омӯзиши ҳадис ва дигар осори диниро дар асоси сарчашмаҳои аслӣ фароҳам менамояд.
– Гарчанд масофаи байни Туркия ва Ўзбекистон беш аз ҳазор километр аст, таърих, фарҳанг ва дили мо муштарак мебошад, – гуфт раиси Маҷлиси миллати бузурги Ҷумҳурии Туркия Нуман Куртулмуш. – Мо Ӯзбекистонро ватани бобоии худ медонем ва аз ташриф ба ин сарзамин фахр мекунем. Ба шарофати дӯстии мустаҳкам ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарони мамлакатҳоямон дар солҳои минбаъда ин наздикӣ боз ҳам мустаҳкамтар гардид. Ҳоло робитаҳои мо дар соҳаҳои гуногун, савдо-иқтисодӣ мегӯед ё фарҳангӣ-гуманитарӣ, ё ки сайёҳиву илм густариш меёбанд.
Дирӯз зимни мулоқотҳои худ бо Президент Шавкат Мирзиёев ва роҳбарони парлумони Ӯзбекистон гуфта будем, ки Маҷлиси миллати бузурги Туркия низ ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобила мусоидат хоҳад кард. Имрӯз қадамҷойҳои муқаддас, обидаҳои таърихии Самарқандро зиёрат карда, дубора ба фарҳанги қадимӣ ва ғании Ӯзбекистон, мероси бузурги маънавии гузаштагони ин сарзамин амин гардидем.
Беҳуда Президент Шавкат Мирзиёев ғояи Ренессанси сеюмро ба миён нагузоштааст. Имрӯз ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон бобати рушди илму фан, фарҳанг амалӣ мегарданд, ба ин роҳ мекушоянд.
Меҳмонон мақбараи Амир Темур, маҷмааи Регистон, зиёратгоҳи Хоҷа Аҳрори Валӣ ва дигар ёдгориҳои таърихию фарҳангиро зиёрат намуда, объектҳо, ки ифодагари заковат ва тавоноии беҳамтои аҷдодони мост, бо ҳавас ва ҳайрат тамошо карданд.
