Ovozi.uz

Хусусиятҳои кунҷид

Шифохонаи табиат

Кунҷид — ин тухми растании зироатӣ аст, ки аз ин равған мекашанд, онро ба рӯйи нон мемоланд, аз он ҳалво мепазанд ва ғайра. Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва тар бо рутубати часпак, вале дар дараҷаи дувум гарм ва тар низ гуфтаанд.
Хислатҳои шифобахши он: хислати часпонандагӣ ва кушояндагии гиреҳҳо дорад. Агарчи ҳангоми хӯрдан ғизои кам аст, вале моддаҳои аз он ҳазмгашта дар ҷигар сабук мебошанд; бинобар часпанда буданаш баданро фарбеҳ мекунад, овозро мулоим ва дуруштии ҳалқро нарм мегардонад, ахлоти сӯхта, яъне балғам, хун, сафро ва савдои сӯхтаро ба ислоҳ меоварад, рӯдахо ва мақъадро мулоим мекунад, варамҳои гармро таҳлил медиҳад.
Кунҷидро бо шароб биёшоманд, барои газидани каждум ва мори афьӣ даво мебошад. Аз кӯфтаи кунчид шира кашида, бо набот биёшоманд, сӯзиши меъда ва сурхрӯда, турш шудани рутубати савдовии меъда, сӯзонидани моддаҳои нӯшидашуда ва моддаи тезро аз бадан дафъ мекунад. Аз он шароб тайёр намуда, онро бо мудовамат бинӯшанд, меъда ва рӯдахоро мулоим мегардонад, санги гурдаро майда карда мерезонад.
7 грамм кунчидро бо 3,5 грамм чормагзи сухтаги бихуранд, хуни равони бавосирро катъ мекунад. Кунҷидро бо оби тариди сабир ва мавиз даромехта, бардавом лесида бихӯранд, барои сурфа ва бемориҳои узвҳои даруни сина, инчунин барои захми шуш даво мебошад.
Кунчидро кӯфта, бо шароб биёшоманд, кулинҷро, ки дард ва варами рӯдаи ғафс аст, дафъ мекунад ва заҳри мори шохдорро аз бадан рафъ месозад.
Вале кунҷид ҳангоми хӯрдан дерҳазм аст. Ва агар инро бирён намуда, бо асал бихӯранд, зуд аз меъда фуруд меояд. Кунҷидро бардавом ва бо пӯсташ бихӯранд, боиси бадбу гаштани даҳан мешавад. Дар ин маврид асал бояд бихуранд, ки ислоҳи зарари он намояд.
Миқдори як бор хӯрдан аз кунҷид дар як рӯз 17,5 грамм аст.