Ovozi.uz

Дар маҳаллаи Чумчуқлӣ қабули сайёр баргузор гардид

Дар маҳаллаи Чумчуқлии ноҳияи Ургут бо иштироки мудири Қабулхонаи халқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд Маматҷон Турдиев ва роҳбарони секторҳои ноҳия қабули сайёр баргузор гардид.
Дар он мутасаддиён зиёда аз 100 муроҷиати сокинонро оид ба норасоии об барои обёрии киштзор, барқарорсозии саломатӣ, хидмати коммуналӣ ва масъалаҳои таъмини хонаву ҷой шуниданд. Дар рафти қабул 30 масъала бо иштироки шахсони масъул ҳал карда шуд.
— Дар рафти шунидани муроҷиатҳо ба як қатор масъалаҳое дучор омадем, ки ҳалли онҳо вақту маблағро талаб мекунанд, — гуфт мудири Қабулхонаи халқии вилояти Самарқанд М.Турдиев. — Мо якҷоя бо ҳокимияти вилоят ва дигар идораҳои дахлдор бобати ҳалли ин масъалаҳо чораҳо меандешем. Ягон муроҷиат аз эътибор дар канор намемонад.