Ба қарибӣ ду китоби нав таҳти рукни «Аз китобхои рӯзномаи «Зарафшон»» рӯи чопро дид.
Китобҳо «Мулоҳиза учун» («Барои мулоҳиза») ва «Газетада акс этган тарих» («Таърих дар саҳифаҳои рӯзнома») ном доранд. Китоби «Барои мулоҳиза» мақолаҳои гуногунро дар мавзӯи рӯз дар бар мегирад. Он аз ҷониби ҷамоаи эҷодии рӯзномаи «Зарафшон» омодаи чоп шудааст ва дар китоб мақолаҳои даҳҳо журналистони маъруф, инчунин, намунаи хомаи рӯзноманигорони ҷавонро ҳам дидан мумкин. Масалан, мақолаи «Интизоми дохилӣ чист?» (Я. Аллаёров) ба масъалаи одобу ахлоқ вобаста бошад, дар мақолаи «Барои навиштан, даставвал хондан даркор» (Т. Шомуродов) муаллиф муҳим будани мутолиаро барои рушди тафаккури инсон таъкид менамояд.
Хулоса, вақте китобро ба даст мегиред, тамоми камбудиҳои рӯзгори имрӯза як-як аз пеши назар мегузаранд ва ба ногоҳ «Сухани ҳақро гуфтааст!» мегӯед.
Пеш аз оғоз намудани муаррифии китоби дуввум ба шумо, хонандаи азиз, чандто савол дорам: оё шумо Самарқандро дӯст медоред? Фикр мекунед, ки дар бораи ин шаҳри бостонӣ бисёр маълумоти таърихӣ медонед? Оё медонед, ки дар соли 1953 Самарқанд чанд ноҳия дошт? 15 то ё 20 то?
«Ҳамон сол дар вилояти Самарқанд 23 то ноҳия будааст.» — омадааст дар китоби «Таърих дар саҳифаҳои рӯзнома». Ин факт аз шумори 116 уми соли 1953 и рӯзнома гирифта шудааст. Дар шумораи 222 юми соли 53 и асри гузашта бошад, «Рӯзи 5 уми ноябр ба Самарқанд газ омадааст. Худи ҳамон рӯз бори аввал 6 корхона ва квартираи дорои беш аз 400 хонадон бо «оташи кабуд» таъмин гардидаанд» — навишта шудааст. Инчунин, таҳиягарони китоб маълумотҳои муҳим, монанди «Дар даҳҳо давлатҳо маҳсулоти зери тамғаи «Made in Samarkand» будааст.» (шумораи 232 юми соли 1964), «Аз об оқилона истифода бурдан ва танқисии он дар соли 1965 ҳам масъалаи пурдолузарб будааст.» (шумораи 138), «Дар майдони Регистон ҳайкали Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ гузошта шудааст.» (шумораи 158 уми соли 1970), «Киностудияи «Ӯзбекфилм» филми «Абӯрайҳон Берунӣ»-ро дар Самарқанд ба навор гирифтааст» (шумораи 105 и соли 1973) ва ғайраро аз назар берун нагузоштаанд.
Албатта, агар аз ҳар як мақола як факт ҷамъ кунанд ҳам ин китоб аз энсиклопедия (қомус) бузургтар мешуд. Аммо, ҷамъоварандагон танҳо воқеаҳои вобаста ба таърихи Самарқандро, ки донистани ҳар як сокини ин шаҳр даркор аст, ба китоб гирдоварӣ кардаанд.
Шаҳзод КЕНҶАЗОДА
