20‑уми январи соли 2023 зери роҳбарии Сарвари давлатамон бахшида ба рушди низоми забонҳои хориҷӣ ва касбомӯзӣ дар мактабҳо ҷаласаи васеъ баргузор шуд. Дар ноҳияи Самарқанд бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳои дар ин маҷлиси машваратӣ ба миён гузошта, як қатор корҳо иҷро шудаанд.
Аз ҷумла, аз 4‑уми сентябри соли 2023 дар 9 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (мактабҳои рақами 33, 18, 20, 38, 39, 12, 16, 37 ва 53)-и ноҳия таҷрибаи омӯзонидани ду забони хориҷӣ ва як касб зина ба зина ба амал бароварда мешаванд.
Аз оғози соли таҳсили нави 2024 ҳамагӣ 216 нафар донишомӯзони мактабҳои умумтаълимии рақами 18, 20, 38 ва 39 забонҳои кореягӣ, хитоӣ ва немисиро меомӯзанд. 319 нафар хонандагони ин мактабҳо асрори касбҳои дӯзандагӣ, сартарошӣ ва дуредгариро аз худ мекунанд.
Инчунин, аз аввали ҳамин сол дар мактабҳои рақами 12, 13, 16, 37 ва 53‑и ноҳия 321 нафар талабагон ба омӯзиши забонҳои японӣ, немисӣ ва кореягӣ сар карданд. Диққати 465 нафар хонандагон ба ёд гирифтани касбҳои сартарошӣ (духтарон ва писарон), заргарӣ, дӯзандагӣ, сантехникӣ, пухтани таомҳои миллӣ ҷалб карда шуданд.
Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 11‑уми сентябри соли 2023 «Дар бораи чораҳои босифат ва саривақт ба амал татбиқ намудани стратегияи «Ӯзбекистон — 2030» дар соли 2023» («Ӯзбекистон — 2030» стратегиясини 2023 йилда сифат ва муддатда амалга оширишга доир чора-тадбирлар тўғрисида») синфхонаҳои холии мактабҳои таълими умумии рақами 10 ва 39 ба марказҳои таълимии хусусӣ ройгон ба иҷора дода шуданд. Дар натиҷаи ин чорабинӣ донишомӯзон имкон пайдо мекунанд, ки дар вақтҳои холии худ забонҳои хориҷӣ ва дигар фанҳоро омӯзанд. Илова бар ин, дар ин марказҳои таълимӣ фарзандони оилаҳои камбизоат бепул таълим мегиранд.
Инчунин, барои таҷҳизонидани кабинетҳои таълимӣ ва касбие, ки дар солҳои хониши 2024–2025 дар мактабҳои рақами 12, 13, 16, 37, 53 ба роҳ монда мешаванд, бо қарори намояндагони халқи ноҳия аз ҳисоби даромадҳои иловагии буҷети маҳаллӣ 100 миллион сӯм маблағ ҷудо карда шуд. Ин бошад, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва касбомӯзии донишомӯзон шароити мусоидтареро фароҳам меорад.
Акбар МАҲМУДОВ,
ҷонишини ҳокими ноҳияи Самарқанд оид ба сиёсати ҷавонон, рушди иҷтимоӣ ва корҳои маънавию маърифатӣ.
