— гуфт сарвари Садорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияҳо Азиз Насимов
Ба наздикӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 23‑юми октябри соли 2025 «Дар бораи чораҳои баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ» таҳти рақами ФП‑190 ва қарор таҳти рақами 316 «Дар бораи чораҳои амалисозии ислоҳот дар низоми таҳсилоти касбӣ» ба имзо расиданд.
Тибқи онҳо, хатмкунандагони синфи 9 бояд яке аз ин ду вариантро интихоб кунанд: идомаи таҳсил дар мактаб ё дар техникумҳои касбии омӯзишӣ. Аз рӯи шарҳи фармону қарори мазкур ва дигар саволҳо мо бо сарвари Садорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияҳо Азиз Насимов суҳбат кардем.
— Моҳияту мазмуни фармон ва қарори ба тозагӣ имзошудаи дар боло зикргардидаро шарҳ медодед…
— Фармони мазкур бо мақсади ташаккули малакаҳои амалӣ, салоҳиятҳои замонавӣ ва фарҳанги касбии ҷавонон, баланд бардоштани самаранокии роҳнамоии касбии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии миёна, инчунин ислоҳи идораи низоми таҳсилоти касбӣ ва пурра ба кор андохтани имкониятҳои капитали инсонии кишвар, аз ҷониби сарвари давлатамон қабул гардид.
Мақсади асосии қабули ин Фармон такмили низоми идоракунӣ дар таҳсилоти касбӣ ва омӯзиши касбӣ дар асоси равиши ягона, самаранок ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешқадами хориҷӣ ва омода кардани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад.
Бо мақсади такмили идораи давлатии соҳаи таҳсилоти касбӣ, назди Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияҳо Агентии таҳсилоти касбӣ таъсис дода шуд, ки масъули ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва идоракунии ин соҳа мебошад.
Вазифаҳои асосии Агентии таҳсилоти касбӣ чунин муайян карда шудаанд:
идоракунии низоми таҳсилоти касбӣ ва ҳамоҳангсозии методии фаъолияти техникумҳо;
таъин ва озод намудани директорон ва ҷонишинони директорони техникумҳои давлатӣ дар асоси озмун;
тасдиқи параметрҳои қабули хонандагон ба техникумҳо бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат;
муайян намудани талаботи ягона барои ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, сарфи назар аз шакли моликият, аз ҷумла мазмуни барномаҳои таҳсилоти касбӣ, номгузории касб ва ихтисосҳо, дараҷаҳои тахассус, муҳлатҳои ҳадди ақали таҳсил, тартиби арзёбии дониши хатмкунандагон ва талабот ба заминаи таълимӣ-методии ин муассисаҳо.
Бо мақсади таъмини иҷрои Фармон, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ, густариши ҳамкорӣ бо корфармоён ва баланд бардоштани нуфузи таҳсилоти касбӣ дар ҷомеа, қарори Президенти кишварамон қабул гардид.
Бо ин қарор нишондиҳандаҳои асосии мақсадноки ислоҳоти низоми таҳсилоти касбӣ то соли 2030 муайян карда шуданд, аз ҷумла:
баргузории чемпионати касбии «WorldSkills Turon» миёни давлатҳои туркӣ дар ҳамкорӣ бо созмони байналмилалии «WorldSkills» дар соли 2026;
расонидани фарогирии хатмкунандагони синфи 9 ба 38 дарсад (27 ҳазор нафар) дар соли таҳсили 2026–2027 ва қариб 50 дарсад то соли 2030;
баланд бардоштани фарогирии таҳсилоти дуалӣ дар қабули соли таҳсили 2026/2027 то 20 дарсад ва қариб 40 дарсад то соли 2030;
дар соли 2026 азнавсозии 2 техникум ва таъмири асосии 5 техникум дар вилоят, инчунин то соли 2030 азнавсозии 7 ва таъмири асосии 18 техникум;
расондани саҳми омӯзгорони дорои дараҷаи тахассусӣ то 35 дарсад ва устоҳои таълимии дорои сертификати касбӣ то 5 дарсад дар соли 2026, инчунин то соли 2030 мутаносибан то 50 ва 30 дарсад;
роҳандозии на камтар аз 10 барномаи байналмилалии таълимии Германия, Корея, Хитой ва дигар кишварҳо дар техникумҳои вилоят дар соли 2026 ва расонидани шумораи онҳо қариб 20 техникум то соли 2030;
дар соли 2026 фиристодани 45 нафар омӯзгори техникумҳо барои баланд бардоштани малака ва таҷрибаомӯзӣ ба хориҷи кишвар, инчунин то соли 2030 фиристодани 200 нафар омӯзгор пешбинӣ гардидааст;
дар соли 2026 ҷалб намудани 10 нафар мутахассиси хориҷӣ — «сухангӯёни забон»-и хориҷӣ ба техникумҳо ва то соли 2030 расондани шумораи онҳо ба 50 нафар ба нақша гирифта шудааст;
дар соли 2026 баланд бардоштани малакаи 50 ва то соли 2030 бозомӯзии 200 нафар корманди роҳбарикунандаи техникумҳо пешбинӣ шудааст;
ҳамчунин, нишондиҳандаҳои мақсадноки омодасозии 850 нафар кадрҳои сатҳи миёна дар соли 2026 ва то 2000 нафар, то соли 2030 дар асоси барномаҳои байналмилалӣ ва муштараки таълимӣ муайян гардидаанд.
— Агар хонанда пас аз хатми синфи 9 техникуми таҳсилоти касбиро хатм намуда, хоҳиши идомаи таҳсил дар муассисаи таҳсилоти олӣ дошта бошад, оё аз ӯ шаҳодатномаи хатми синфҳои 10–11 талаб карда мешавад?
— Барои хатмкунандагоне, ки мехоҳанд таҳсилро дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ идома диҳанд, пешниҳоди шаҳодатномаи хатми синфҳои 10–11 талаб карда намешавад. Қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар асоси дипломи намунаи давлатии техникум, ки аз ҷониби Агентии таҳсилоти касбӣ дода мешавад, амалӣ мегардад.
— Дар низоми омӯзиши касбӣ кадом стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ мешаванд?
— Дар низоми таҳсилоти касбӣ стандартҳои зерини байналмилалӣ ҷорӣ мегарданд:
WorldSkills — низоми байналмилалии стандартҳои маҳорати касбӣ;
Duale Ausbildung — модели таълими дуалии Германия;
омӯзиш тибқи барномаи BTEC-и ширкати «Pearson Education Limited»;
TVET (Technical and Vocational Education and Training) — моделҳо ва консепсияи ЮНЕСКО;
ECVET — низоми кредитҳо ва модулҳо дар таҳсилоти касбӣ;
роҳандозии барномаҳои муштарак ва байналмилалии таълимӣ бо шарикони хориҷӣ;
Ғайр аз ин, ҷалби мутахассисони хориҷӣ ба ҷараёни таълим ва фиристодани омӯзгорони маҳаллӣ ба хориҷа барои баланд бардоштани малака ва таҷрибаомӯзӣ, инчунин гузарондани аккредитатсияи байналмилалии барномаҳои таҳсилоти касбӣ ҷорӣ мегарданд.
— Устодони таълими касбии техникумҳои вилояти Самарқанд дар куҷо метавонанд таҷрибаи амалӣ (малакавӣ) гузаранд?
— Баланд бардоштани малакаи устодони таълими истеҳсолӣ дар техникумҳои пешқадами минтақавии маҳорати касбӣ ва инчунин дар ташкилотҳое амалӣ мегарданд, ки тибқи тартиби муқарраршуда ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти такмили ихтисосро дар соҳаи дахлдор доранд.
— Бо мақсади дастгирии хатмкунандагони болаёқати техникумҳои таҳсилоти касбӣ, оё таъмини онҳо бо ҷойи кор низ кафолат дода мешавад?
— Яке аз ҳадафҳои асосии фармон ва қарорҳое, ки дар доираи ислоҳоти ҷорӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ қабул мегарданд, таъмини шуғли хатмкунандагони техникумҳо, фароҳам овардани ҷойҳои кори кафолатнок ва пайвастани онҳо ба истеҳсолот мебошад. Дар ин замина миёни техникум, корфармо ва донишҷӯ дар се самт шартномаҳо ба имзо мерасанд. Дар шартнома ба таври ҳатмӣ гузаштани таҷрибаомӯзӣ ва баъди хатми таҳсил бо ҷойи кор таъмин гардидани хатмкунанда пешбинӣ мешавад. Ин кафолати асосӣ дар самти таъмини шуғл ба ҳисоб меравад.
— Оё донишҷӯёни техникум метавонанд самти ихтисоси худро ба таври ихтиёрӣ интихоб ё тағйир диҳанд?
— Донишҷӯёни техникум ҳуқуқ доранд ихтисоси худро бо хоҳиши худ интихоб намуда, дар сурати зарурат онро тағйир диҳанд.
— Маълум аст, ки рақобати солим инсонро қавӣ месозад. Оё миёни техникумҳо бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим баргузории озмунҳо ё ҷорӣ намудани рейтингҳо дар назар аст?
— Бо мақсади дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон озмуни миллии «Маҳорати касбӣ» баргузор мегардад ва ғолибон ба таври муносиб ҳавасманд карда мешаванд. Агентӣ озмунро аз рӯи 10 касби муҳим ва дорои талаботи баланд доир карда мешавад. Озмун дар ду марҳила баргузор мегардад.
Дар марҳилаи якум аз рӯи ҳар як касб 5 нафар иштирокдор (аз ҷойи 1 то 5), дар маҷмӯъ 700 нафар иштирокдор ҳамчун ғолиб ба марҳилаи дуюм роҳ меёбанд. Аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи дуюм, дар ҳар як касб 2 медали тилло, 4 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ муайян карда шуда, дар маҷмӯъ 120 нафар иштирокдор ғолиб эътироф мегарданд.
— Маълум аст, ки таҳсил дар техникум бепул буда, ба донишҷӯёни аълохон стипендия низ дода мешавад. Оё дар назди техникумҳо курсҳои кӯтоҳмуддати омодасозии касбӣ ташкил карда мешаванд? Агар ташкил шаванд, оё таҳсил дар онҳо пулакӣ аст ё не?
— Омӯзиш дар курсҳои кӯтоҳмуддат ройгон ба роҳ монда мешавад.
Вазорати ихтисори камбизоатӣ ва шуғли аҳолӣ барои омӯзонидани шахсоне, ки ба низоми «ваучер» фаро гирифта нашудаанд, фармоишҳо пешниҳод менамояд. Дар ин ҳолат хароҷоти марбут ба омӯзиши шаҳрвандон дар асоси низоми «ваучер» ва фармоишҳо аз ҳисоби Фонди давлатии мусоидат ба шуғл маблағгузорӣ мегарданд.
Ҳамчунин, аз ҷониби Агентии муҳоҷират бо назардошти эҳтиёҷоти корфармоёни хориҷӣ ба қувваи корӣ, фармоишҳо оид ба омӯзонидани касбҳо, ихтисосҳо ва забонҳои хориҷӣ дода мешаванд. Дар ин замина хароҷоти марбут ба омӯзиш ва такмили заминаи моддӣ-техникии техникумҳо аз ҳисоби Фонди муҳоҷират маблағгузорӣ мегардад.
— Оё донишҷӯёни техникум метавонанд ҳамзамон бо таҳсил дар корхонаҳо мувофиқи ихтисоси худ фаъолият намоянд?
— Донишҷӯёни техникум метавонанд баробари таҳсил, ҳангоми гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ тибқи қоидаҳои муқарраршуда дар корхонаҳои корфармо фаъолият намуда, маоши моҳона гиранд.
Ин шакли таҳсил махсусан барои донишҷӯёне, ки дар низоми таълими дуалӣ таҳсил мекунанд, хеле мувофиқ аст, зеро онҳо ҳам таҳсил намуда, ҳам кор мекунанд ва маош мегиранд.
— Дар бораи сафари худ ба Ҷумҳурии Мардумии Хитой, ки бо мақсади табодули таҷриба дар соҳаи таҳсилоти касбӣ буд, нақл мекардед…
— 30‑юми октябри соли 2025 мо дар маҷлиси байналмилалӣ таҳти унвони «Таҳсилоти касбии аз ҷониби корхонаҳои давлатӣ дастгиришуда ва бо миқёси глобалӣ пайвастро ба дараҷаи байналмилалӣ рушд додан ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси байналмилалӣ» фаъолона иштирок намудем. Ин чорабинӣ аз ҷониби Вазорати маорифи Хитой ва Ассотсиатсияи хитоии табодули байналмилалии маориф (China Education Association for International Exchange — CEAIE) ташкил гардида, дар он роҳбарон, коршиносон ва намояндагони соҳаи таҳсилоти касбӣ ва техникии кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштирок карданд. Худ дар доираи конференсияи байналмилалии маорифи CACIE-2025, ки дар шаҳри Пекин баргузор гардид, бо маърӯза баромад намудам. Мақсади асосии ҳайати намояндагӣ ҳамгиро намудани низоми таҳсилоти касбии Ӯзбекистон ба стандартҳои байналмилалӣ, омӯзиши моделҳои пешқадами таълимии Хитой ва роҳандозии лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ дар доираи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» мебошад. 1‑уми ноябри соли 2025 байни Садорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияҳои вилояти Самарқанд ва муассисаҳои Sunmaker Training Institute ва CIIC International Education Technology (Beijing) Co., Ltd.-и Хитой меморандуми ҳамкорӣ (MOU) ба имзо расид. Ин ҳуҷҷат ба рақамисозии низоми таҳсилоти касбӣ ва малакаҳои техникӣ миёни Хитой ва Ӯзбекистон, таҳияи захираҳои муосири таълимӣ ва рушди марказҳои таълимӣ дар асоси стандартҳои WorldSkills равона гардидааст.
— Ташаккур барои суҳбати пурмазмун!
Мусоҳиб Зиннура ИЛҲОМҶОНОВА
