Мавзӯъ барои мулоҳиза
Дар нишастгоҳи пеши таксӣ будам. Ҳамин вақт ду нафар занони ороста даст бардоштанд. Ронанда мошинро нигоҳ дошт. Манзили дархосткардаи онҳо, болои роҳ, баъди истгоҳи ман будааст. Бинобар ҳамин, ронанда онҳоро ҳам гирифт.
Дар як лаҳза даруни мошин бозор шуд. Онҳо гунҷишкҳо барин ба якдигар навбат надода, ба гапу ғайбат сар карданд. Аз мантиқи суҳбаташон аён гардид, ки аз зиёфати кӯдакталбон (чақалоқталбон) меомадаанд. Гиребонамро доштам: Худоё, акнун боз як маросим нав — кӯдакталбон ҳам ба қатори анъанаҳои миллии мо медарояд? Бе ҳамин ҳам тӯю маъракаҳои мо аз ҳад зиёданд. Маросимҳои дафну азо ҳам серхарҷу серодам мегузаранд! Боз инаш чӣ?
— Кампир ҳам бало буден-дия, — мегуфт зани пуррабадани гарданбанди тиллодор. — Якбора кӯдакони чор набераашонро талбидаанд. Ба ҳар кадомашон ду-се ҷуфтӣ сару либосҳои кӯдакона гирифтаанд. Очаҳояшон ҳам бенасиб намонанд гуфта, ба назди онҳо материалҳои гаронбаҳо гузоштанд.
— Ҳа, хонаву ҷояшон ҳам ба таъриф меарзидааст, — ба гап ҳамроҳ шуд зани сиёҳҷурдаи хароби телефондардаст. — Гирдогирди ҳавлӣ хонаҳои дуқабатаву дар мобайн — фаввора. Дар ҳар ҷо-ҳар ҷо гулҳои садбарг. Одам бошад, мекунад-дия. Деги баъзеҳо ҳафтаҳо рӯи гӯштро набинад, ки дар ин ҷо исрофкорӣ. Ду келин ва писари кампир дар хориҷа, доллар омада истодааст, чӣ кор мекунанд?
— Наберакелинҳо ҳам бало барин, — дар навбати худ гуфт зани хомфареҳ ҳамёнашро аз болои зонувонаш дур накарда. — Зуд-зуд ба пеши мо даромадаву баромада, либосҳои нав ба нави худро нишон доданд. Келинчакҳои имрӯза дар аввал нағз. Баъде ки ду-се сол гузашту кӯдакдор шуданд, ҷангу ғурбаташон сар мешавад. Ба андозу пардози худ эътибор медиҳанду дасту панҷаи баъзеашон ба коре намечаспад — беҳунар. Як чиз хӯрданӣ шаванд ё меҳмоне ба хонаашон ояд, даррав ба шавҳар мегӯянд, ки «заказ» диҳанду курер биёрад. Касбу ҳунаре надоранд. Бепул монанд, ана баъд чеҳраи асосии худро нишон медиҳанд. Ҷудошавию хонавайроншавиҳо ҳозир бисёр шудааст…
Гапи занҳо адошавӣ надошт. Пештар, баъде, ки тифл таваллуд меёфт, вайро эҳтиёткорона нигоҳубину парвариш менамуданд. То чиллааш набарояд, аз чашми бад ва балову қазо эҳтиёт мекарданд. Баъде ки аз чилла баромад, танҳо ба хонаводаҳои наздикашон мебурданд. Пиронсолони зиндагидида, зуд гашта бурдани кӯдакро талаб мекарданд, ки реҷаи хобу хӯрок ва шароити хонаводагиаш вайрон нашавад. Вале аз гап-гапи занҳо маълум шуд, ки ин маъракаи навбаромад, 4–5 соат давом кардааст. Аҳволи кӯдакон чӣ шуд?
Ба миёнаи гапи дигарон даромадан аз рӯи одоб нест. Хушбахтона, ба ҷои ман ронанда пурсид:
— Чақалоқталбон бошад, кӯдаконро низ овардаанд. Ба ҳамаи онҳо гаҳвора расид?
— Намедонам, — гуфт зани хомфарбеҳи тануманд. — Ҳамаи онҳоро ба як хона дароварда буданд. Он ҷо ҷинихона шуда бошад, аҷаб не. Ҳозир ба беморхонаву поликилиникаҳо равед, пур-пури бачаҳо. Илоҳо хурдтаракон касал нашаванд-дия. Агар кору ҳоле шавад, кӯдакталбон аз бинии ҳамаашон мебарояд.
Онҳо баробари таърифу тавсифи зиёфат боз дигаронро ғайбат мекарданд, камбудиҳояшонро мегуфтанд.
Ҳатто раҳораҳ гувоҳи он ҳам шудем, ки дуяшон ҳам гап мезаданд. Вале якдигарро мешуниданд ё не, парвое надоштанд.
Мардуми мо одати баде дорад. Ба ҷои ихчаму камхарҷ ва бедабдаба гузаронидани тӯю маросимҳо ба расму оинҳои нав таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд. Кӯдакталбон ҳам аз ҳамин гуна расму оинҳои нав барин аст…
Ман ба манзил расида, аз мошин фаромадам. Онҳо роҳашонро давом доданд. Ба ронанда ҳам дилам сӯхт, ки хоҳ-нохоҳ ба шунида рафтани ҳар гуна гапу калочаҳо маҷбур аст.
Б.ҶУМЪАЕВ
