Ovozi.uz

Самарқанд — макони муқаддас

18-уми октябри соли 1996 ба муносибати 660-солагии зодрӯзи Амир Темур шаҳри бостонӣ ва ҳамешаҷавони Самарқанд бо ордени «Амир Темур» сарфароз гардонида шуд. Ҳамзамон, пешниҳод гардид, ки ин сана ҳамчун Рӯзи шаҳри Самарқанд таҷлил карда шавад. Инак, 30 сол боз сокинони Самарқанд 18-уми октябрро ҳамчун Рӯзи шаҳр бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил менамоянд. Албатта, ин бесабаб нест.

Зеро Самарқанде, ки мову шумо дар он зиндагӣ мекунем, шаҳри одӣ набуда, балки макони муқаддасест, ки гузаштаи пурифтихор, ғурури миллӣ ва иқтидори созандагии халқи моро дар худ таҷассум мекунад. Дар ин сарзамин алломаҳои бузурге ба камол расидаанд, ки дар рушди илму фарҳанги ҷаҳон саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳамчунин, арбобони бузурги давлатӣ ва ниёгони ободкори мо ёдгориҳои нодири меъмориро бунёд кардаанд.

Майдони Регистон, маҷмааи Шоҳи Зинда, мақбараи Гӯри Амир, масҷиди Бибихонум ва расадхонаи Мирзо Улуғбек барин ёдгориҳои таърихии мо на танҳо мероси ғании халқи худ, балки ганҷинаи бебаҳои маънавии тамоми инсоният ба шумор мераванд.

Имрӯз Самарқанд бо ҳамоҳанг сохтани таърихи пурифтихор ва симои муосири худ ба марҳалаи нави рушд қадам гузоштааст. Корҳои созандагиву ободонӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, ки дар шаҳр амалӣ мешаванд, нуфузи байналмилалии онро боз ҳам баланд мебардоранд.

Махсусан, дар солҳои охир дар арсаи ҷаҳон ҳамчун маркази сулҳ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо эътироф гардидани Самарқанд дар қалби ҳамаи мо эҳсоси ифтихору сарфарозии бепоёнро бедор мекунад.

Анҷуманҳои байналмилалӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва мулоқотҳои бонуфузе, ки дар Самарқанд баргузор мегарданд, аз рӯз то рӯз таҳким ёфтани мавқеи шаҳрро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳанд.

Дастовардҳо ва муваффақиятҳои имрӯзаи ин шаҳри ҷовидон пеш аз ҳама самараи заҳматҳои содиқонаи ҳамватанони мост, ки барои пешрафти он меҳнат мекунанд ва дар ободиву шукуфоии шаҳр саҳми арзанда мегузоранд.

Бовар дорам, ки минбаъд низ ҳамаи мо якҷоя тамоми неруву имкониятҳои худро барои ҳифзу гиромидошти шуҳрати таърихии ин шаҳри бостонӣ, боз ҳам ободу зебо гардонидани он ва фароҳам овардани ояндаи шоиста барои насли ҷавон сафарбар хоҳем кард.

Дар ин роҳи пуршараф ба ҳамаи шумо, азизон, саломатии бардавом, неруву тавон ва азми қавлу иродаи шикастнопазир орзу менамоям.

Акбар АХТАМОВ, раиси Шӯрои вилоятии Ҳизби демократии «Миллий тикланиш», депутати Шӯрои намояндагони халқи вилоят.