Сӯхтор ин оташи назоратнашаванда аст, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон зарар ва ба ҷамъияту давлат зиёни моддӣ мерасонад.
Вазифаҳои асосии таъмини бехатарӣ аз сўхтор аз инҳо иборатанд:
— ҳифзи ҳаёт ва саломатии одамон, моликият, сарвати миллӣ ва муҳити зист дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор;
— пешакӣ муайян кардани ҳадди хатари фаъолияти ташкилоту шаҳрвандон, таълими чораҳои пешгирӣ ва амалӣ гардонидани тадбирҳои пешгирӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор;
— зарурати оташнишонӣ, анҷом додани корҳои аввалияи садамавӣ-наҷотдиҳӣ аз фалокат ва дигар корҳои зарурӣ, расонидани ёрии тиббӣ, ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандон ва кормандони осебдида, ҷуброни зиёне, ки дар натиҷаи сўхтор ба саломатӣ ва молу мулки шаҳрвандон, муҳити зист ва ба субъектҳои хоҷагидорӣ расидааст.
Набояд фаромӯш кард, ки пешгирии сӯхтор ба масъулиятнокии ҳар як инсон вобаста буда, барои ин бояд ҳар яки мо ба қоидаҳои бехатарии сӯхтор риоя кунем. Беназорат гузоштани печҳои гармидиҳӣ ва плитаҳои газ, истифодаи асбобоҳои электрикии носоз дар сар задани сӯхторҳо омили муҳим ба ҳисоб меравад.
Инчунин, симҳои электрикиеро, ки кӯҳна шудааст, бояд иваз кард. Ғайр аз ин, дар болои печ хушк кардани либосҳо низ хавфи калон дорад. Агар ҳар як шаҳрванд ба қоидаҳои зерин риоя кунад, сӯхтор рӯй намедиҳад ва молу мулк, хонадонамон аз доми оташ эмин мемонад.
Ф.ЗАЙНИДДИНОВ, инспектори шӯъбаи ташкили таъмини бехатарии сӯхтор дар биноҳои «Форумлар маҷмуаси»-и вилояти Самарқанд
