Иштирокчиёни форуми минтақавӣ, ки дар Тошканд дар мавзӯи «Сохтмони ҷомеаҳои устувор дар Осиёи Марказӣ — дастгирии некӯаҳволии кӯдакон, ҷавонон, занон ва оилаҳо тавассути кори иҷтимоӣ ва хидматрасонии иҷтимоӣ» гузаронида шуд, ба Самарқанд омаданд.
Иштирокчиёни чорабинӣ, ки дар ҳамкории Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ваколатхонаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ӯзбекистон ва Бюрои ЮНИСЕФ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, инчунин Мактаби кори иҷтимоии Донишгоҳи Колумбия ташкил шуд, нахуст аз маркази хизматрасонии иҷтимоии «Инсон»-и шаҳри Самарқанд дидан карда, бо шароитҳои дар ин ҷо фароҳам оварда, намуд ва сифати хизматрасонӣ шинос шуданд. Профессор-устодони Мактаби кори иҷтимоии Донишгоҳи Колумбия ба кори кормандони иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар маркази мазкур ба аҳолӣ 98 намуди хизматҳои иҷтимоӣ расонда мешавад. Дар соли ҷорӣ беш аз 10 ҳазор муроҷиат ворид шуда, аз рӯи онҳо 786 кейс боз шудааст. 34 нафар шаҳрвандон ба қайди пиронсолони танҳо шомил гардида, дар натиҷаи корҳои амалии ин самт 91 нафар шаҳрвандон аз қайд хориҷ карда шудаанд. 64 нафар ходимони иҷтимоӣ ба аҳолӣ хизмат нишон медиҳанд.
— Дар кишвари мо соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ босуръат рушд мекунад ва аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ эътироф карда мешавад, — гуфт Сардор Мӯсоев, директори Маркази таҳкими ҷомеаҳо ва рушди некӯаҳволии иҷтимоӣ, ки чанде пеш дар Тошканд ба фаъолият оғоз кард. — Маркази навтаъсис далели андешаи ман аст. Мо беҳуда ба Самарқанд наомадаем. Натиҷаҳои тадқиқоти мо, ки дар ин ҷо гузаронида шуд, асоси стратегияи навбатии ҳамкории байналхалқии мо дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ, хусусан ташкили фаъолияти маркази мо хоҳад шуд.
Меҳмонон ёдгориҳои фарҳангӣ ва ҷойҳои таърихии Самарқандро тамошо карданд.
