Дар рӯзҳои иди Истиқлол дар вилоятамон 4‑то бинои маҳалла, 1‑то мактаб, 3‑то муассисаи тиббӣ, 2‑то маскани омӯзиши касбу ҳунар, 1‑то маскани истироҳати аҳолӣ, 4‑то объекти хизмати маишӣ ва савдо, инчунин 2‑то истеҳсолӣ, 3‑то меҳмонхона кушода шуд. Танҳо дар ноҳияи Пайариқ 15‑то объектро ба истифодабарӣ супурданд.
Дар ноҳияҳои Ургут ва Тайлоқ соҳибони хонаҳои биноҳои бисёрқабата идро дар хонадонҳои нав пешвоз гирифтанд.
Дар филиали ДДС дар Каттақӯрғон хобгоҳи барои 500 нафар донишҷӯ пешбинишуда аз рӯзҳои аввали соли таълим фаъолиятро оғоз кард.
Дар ноҳияи Қӯшработ дар қатори объектҳои дигар бинои Гвардияи миллӣ ба истифода супурда шуд.
Дар ноҳияи Нарпай ба кор даромадани заводи коркарди орди Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Humo agro platinum» барои аҳолӣ ид болои ид ва тӯҳфаи идонаи ҳақиқӣ шуд. Дар рӯзҳои хурсандӣ дар ноҳия боз як объект — ҶММ «Клиникаи доктор Усмонов» фаъолияти худро оғоз кард.
Дар ноҳияи Пастдарғам бар асоси корхонаи муштараки Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ayisha Ar» лоиҳаи «Ташкил намудани паррандапарварӣ, гармхона ва хоҷагии моҳипарварӣ» роҳандозӣ гардид.
Ғайр аз ин, маҷмӯи савдои маҳсулоти бинокорӣ, маркази савдои техникаи маишӣ ва чойхонаи «Келдиёр ота» кушода шуданд.
Фаъолияти бинои Маркази маҳаллаи Гӯзалкент, ки қиёфаи нав гирифтааст, оғоз ва дар заминаи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Fortuna Urgut medikal» лоиҳаи истеҳсоли дастгоҳҳои тиббӣ ва воситаҳои доруворӣ роҳандозӣ гардид.
