Ovozi.uz

Ҷанбаҳои эвристикии тамоюли синергетикӣ ба мероси фалсафии даври Темуриён

Баъди Мовароуннаҳрро истило кардани муғулҳо дар ибтидои асри XIII даври Ренессанси Якум қатъ гардид. Тараққиёт, нашъунамо ва ободонӣ дар Осиёи Марказӣ то ба охир расидани ҳукмронии муғулҳо дар ҳолати рукуд боқӣ монд. Ин равандҳои таърихӣ, дар навбати худ, ба тарзи зиндагӣ ва маънавияти мардум таъсири манфӣ расонид. Аз сабақҳои таърих маълум аст, ки муғулҳо аз таҷрибаи идораи давлатҳои бузург ва фарҳангӣ маҳрум буда, санъат ва маҳорати идора карданро надоштанд. Дар натиҷаи дигаргун шудани майлу рағбат ба азхудкунии замин, танҳо ҷамъ овардан ва азхуд кардани сарватҳои моддӣ зулму ситам зиёд гардид, тараққиёти иқтисодӣ қатъиян паст рафт, тарзи зиндагонии халқ бадтар гардид. Дар натиҷа, ҳаракат ва шӯришҳои халқӣ ба муқобили ҳукмронони муғул тезу тунд шуд. Агар инро аз нуқтаи назари синергетикаи иҷтимоӣ таҳлил намоем, ноустуворӣ ва бесарусомонӣ ба дараҷаи аз ҳама баланд расид. Салтанат-­сохтори муғулҳо, ки ба ҳолати бифуркатсия (ду баробар зиёд шудан) расида буд, ниҳоят пора-пора шуд ва пароканда гардид. Маълум аст, ки чунин ноустуворӣ ва бесарусомонӣ барои ба вуҷуд омадани сохти нав замина гузошт.
Бо бунёди салтанати Амир Темур низом ва муносибатҳои ҷамъиятии нав ташаккул ёфт. Чунонки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев таъкид намудааст, «Ин шахси бузург ба таври ҳаққонӣ дар таърихи ҷаҳон ҳамчун яке аз бузургтарин арбобони давлатӣ, саркардаи мағлубнопазир эътироф шудааст. Дар баробари ин, ӯ ҳамчун сарпарасти илму фан, фарҳанг ва санъат низ маъруф аст. Хидматҳои таърихии ӯ дар соҳаи бунёдкорӣ бемисланд». Маҳз дар даври Темуриён, аз нуқтаи назари синергетикӣ бо пайдоиши низоми нав равандҳои марҳилаи тараққиёт мушоҳида шудаанд. Дар замони Темуриён, ки дар Шарқ Эҳёи Дуввум маҳсуб мешавад, бо роҳбарии Амир Темур давлати мутамарказ таъсис ёфта, давлатдории миллии мо аз нав барқарор ва устувор гардид, орзуи зиндагии мустақилона амалӣ шуд, соҳаҳои илму фан, фарҳанг, санъат, маънавият ва ғайра инкишоф ёфт.
Хусусияти ба худ хоси фалсафаи замони Темуриён ва асрҳои миёна маҳз дар он аст, ки дар ҳамин давр муносибат ба инсони комил, характери таълимоти динӣ ва арзишҳои миллии мо пурра ташаккул ёфт. Маҳз ҳамин равандҳои таърихӣ ба арзишҳои худташаккулдиҳандаи инсонӣ, фазилат, бартарии ахлоқӣ, дониш ва таҷрибаи ҷомеаи худташаккулдиҳанда таъсири худро расонид. Ба ибораи дигар гӯем, равшанфикрон ва ситораҳои маънавият, ки дар як муддати барои ба даст овардани рушди умумибашарӣ ва натоиҷи ҳазорсолаҳо ҳамчун замина хидмат намудаанд, равшантар намоён гардиданд. Дар даврони Темур ва Темуриён ба мисли Саъдиддини Тафтазонӣ, Шарифи Ҷурҷонӣ, Абдураззоқи Самарқандӣ, Ҳофизи Абрӯ (1361–1430), Муйиниддини Исфизорӣ (соли вафот 1494), Фосихи Хавофӣ, Шарафиддин Алии Яздӣ (соли вафот 1454), Низомиддини Шомӣ, Баҳовуддини Нақшбанд, Мирхонд, Хондамир, Мирзо Улуғбек, Қозизодаи Румӣ, Ал-­Кошӣ, Алии Қушчӣ, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Мирзо Бобур барин садҳо олимону мутафаккирон ва адибон ба камол расиданд, ки дар ҳамон давр ҳамзамон бо илму фан, аз ташаккули маданияти баланд ва мероси фалсафӣ далолат медиҳад.
Инкишофи илму фан, фарҳанг дар замони ҳукмронии Амир Темур тасодуфӣ нест, зеро худи ин ҳукмрони бузург шахсияти равшанфикр, мутамаддин, тавоно ва хирадманд буд, ки хислатҳои инсониро дар худ таҷассум кардааст. Дар асл, ҳадафи асосӣ аз таҳлили хусусиятҳои он давр ва бо мушоҳидаҳо фаро гирифтани он нишон додани пояҳои таърихии ғояи миллии мо ба насли наврас, тақвияти масунияти мафкуравии онҳо, ба қавли Аввалин Президенти кишварамон Ислом Каримов, «Таҳким бахшидан ба эътиқоди ҷавонони мо, онҳоро ҳамчун инсони баркамоли дорои ақидаи мустақили худ тарбия намудан, дар тафаккури онҳо мустаҳкам намудани фаромӯшнопазирии ҳуввияти худ, ҳифз ва эҳтиром намудани арзишҳои муқаддаси аҷдодон» иборат аст.

Дар кишваре, ки роҳбаронаш барои рушди илму фарҳанг, баланд бардоштани маънавият ҷонбозӣ зоҳир мекунанд, мушоҳида гардидани тараққиёти воқеӣ сабақи таърихӣ аст. Инро арбоби давлатии маърифатпарвар ва моҳир Амир Темур дар давоми ҳаёт ва фаъолияти худ собит намуд, ки дар он фалсафаи омӯхтаистодаи мо — сифатҳои инсони комил равшан намоён мегардад.
Бархе савол медиҳанд, ки «Агар Амир Темур асари фалсафӣ нанавишта бошад, чӣ гуна метавон аз ӯ дидгоҳи фалсафиро ҷустуҷӯ кард?» Воқеан ҳам, ҳаёт ва фаъолияти худи Амир Темур, ёдгориҳои маънавию фарҳангии аз ӯ боқӣ монда барои башарият мероси нодири фалсафӣ мебошад. Зеро, тавассути тарзи тафаккури ғайрихаттӣ, чунонки Президенти кишварамон Шавкат Мирзиёев қайд намудаанд, «Амир Темур дар ҳаракатҳои ҳарбӣ то кадом дараҷа стратеги нобиға буданашро ҳамеша дар амал баръало нишон додааст».
Маҳз дар симои ӯ сифату хислатҳои инсони худташаккулдиҳандаро дидан мумкин аст. Амир Темур шахсияти таърихиест, ки ба одобу ахлоқ, имону эътиқод, таълиму тарбия, камолоти рӯҳӣ ва ҷисмонӣ мушарраф гардидааст. Барои итминон ҳосил кардан ба ин, панду насиҳатҳои аз ҷониби худи ӯ гуфташуда ва «Тузукоти Темур»-ро мутолиа кардан кифоя аст. Зеро, ба қавли Президентамон Шавкат Мирзиёев, «Ғоя ва дидгоҳҳои ин китоб, ки барои дарк намудани асрори ҳаёти Амир Темур дастуруламали бебаҳоест, на танҳо барои замони ӯ, балки барои насли имрӯза ва оянда низ аҳамияти муҳим касб менамояд. Аз ин рӯ, ба ин шахсияти бузургу нотакрор вобастагии хислатҳои ибратбахши дар ҳар масъала ба дур назар карда, манфиати кишвар, некӯаҳволии мардумро андешида, амал намудан хос будааст».
Масалан, ӯ дар бораи шахсияти худ дар «Тузукот» чунин мегӯяд: «Ман беғаразиро ҳамчун аввалин хислати худ фаҳмидам. Ба ҳама як сон ҷиддӣ ва одилона нигаристам, ҳеҷ касеро аз дигаре фарқ намекардам, сарватмандро аз камбағал бартар намегузоштам». Дар ин фикрҳо мушоҳида мешавад, ки хислатҳои адолат, баробарҳуқуқӣ, эҳтироми ҳамдигар ва серталабӣ нисбат ба худ дар як инсон таҷассум ёфтааст.

Баҳодур Раҳмонов, доктори фалсафа оид ба фанҳои фалсафа