Мусоҳибаи мухбирамон бо корманди собиқи рӯзнома Фарҳод Неъматов
— Шумо чанд сол дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» кор кардед. Бо мардуми шаҳр шинос шудед. Баъде, ки боз ба зодгоҳ баргаштед, ҳоло бештар чиҳоро ба хотир меоред?
— Дар таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд» ҳашт сол кор кардам. Дар ин мобайн, бо тақозои кор қариб ба ҳамаи маҳаллаҳои шаҳри Самарқанд ва дигар минтақаҳои вилояти Самарқанд сафар кардам. Ба мардуми он аз наздик шинос шудам. Самарқанд дар ҳақиқат сайқали рӯи замин аст. Ба Самарқанду мардуми шарафманду сарбаланд, боору хештаншинос, тадбиркору ҳунарманди он ҳамеша фахр мекунам. Тез-тез нишасту сӯҳбатҳои хотирмони дар давоми кор шударо пеши назар меорам. Лаззати нонҳои ба олам машҳури Самарқанд, оби ширину ҳавои форам, ёди гаштугузорҳо дар мавзеъҳои таърихию тангкӯчаҳои шаҳри куҳан, гуфтугӯҳои дилчаспи самарқандиёни асил маро ҳамеша побанди ин шаҳри азим кардааст.
— Рӯзноманигорӣ кори пурмашаққат аст. Ҳангоми кор дар рӯзномаи мо чиҳо ба даст овардеду чиҳоро бой додед?
— Таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд» барои ман даргоҳи мӯътабар аст. Аз ин даргоҳ, аввало устодону дӯстон пайдо намудам. Вақте, ки соли 2001 ба рӯзномаи «Овози Самарқанд» ба кор омадам, дар ҷодаи рӯзноманигорӣ таҷриба надоштам. Аз Ғафурҷон Маҳмудов, Асадулло Шукуров, Озод Ҳамидзода, Тошқул Азимзода, Зоҳир Ҳасанзода, Шӯҳрати Ҳусейн, Шавкати Баҳром, Муборак Содиқӣ, ки ҳар яки инҳо барои ман ҳаққи устодӣ доранд, сирру нозукиҳои касби рӯзноманигориро омӯхтам. Фаъолияти рӯзноманигориамро аз мусаҳҳеҳӣ оғоз намудам ва баъди як сол вазифаи котибимасъулии рӯзномаро ба зиммаи ман вогузоштанд. Бо кумаку дастгирии устодону ҳамкорон дар ин вазифаи пурмасъулият қариб то соли 2009 кор кардам. Рӯзнома хонданибоб мебаромад. Дар ин муддат, бо эҷодкорон, шоиру нависандагони муҳити адабии Самарқанд Адаш Истад, Бахтиёри Ҷумъа, Ҳаёт Неъмат, Нор Остонзода, Ҳазрат Сабоҳӣ, Акбар Пирӯзӣ, Ӯктам Иброҳим ва дигарон аз наздик шинос гардидам. Якчанд бор бо ифтихорномаҳои ҳокимияти вилояти Самарқанд мукофотонида шудам.
— Дар корҳои минбаъдаи рӯзноманигориатон таҷрибаҳои дар Самарқанд андӯхтаатон кӯмак расонданд?
— Албатта. Он таҷрибаҳое, ки дар Самарқанд омӯхтам, то ҳол барои ман манфиатовар аст. Сармуҳаррири онвақтаи рӯзнома шодравон Ғафурҷон Маҳмудов баробари роҳбари кордон, журналисти варзида будан тадбиркор низ буданд. Дар аввал, якчанд иловаҳои рӯзнома — аз қабили «Муғҷа», «Бибихонум», «Футбол» ташкил гардид. Вақте, ки ман ба кор омадам, фақат иловаи «Муғҷа» мебаромад. Бояд қайд кард, он ба нашрияи писандидаи мактабҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон табдил ёфта буд. Аз ҳар гӯшаву канори мамлакатамон мактубҳо меомаданд. Ба ман муяссар шудааст, ки борҳо ин иловаро тайёр кунам. Баъдтар Ғафурҷон Маҳмудов дар асоси иловаи «Муғҷа» рӯзномаҳои хусусии «Булбулча» бо забони ӯзбекӣ, «Булбулча доно» бо забони тоҷикиро таъсис доданд. Якчанд кормандони рӯзномаи «Овози Самарқанд» ба таҳририяти нав ташкилкардаи Ғафурҷон Маҳмудов ба кор гузаштанд. Рӯзномаи нави «Келажак авлод» низ ташкил гардид. Адади рӯзномаи мазкур ба 150 000 ҳам расид. Ҳар се рӯзнома дар миқёси ҷумҳурӣ паҳн мегашт. Аммо шодравон Ғафурҷон Маҳмудов як мақоли ӯзбекии «Осмондан арпа ёғса ҳам, эшакники нимча»–ро тез-тез ба забон меоварданд. Инро баъзеҳо пай бурда, аз паи таъсиси рӯзномаҳои хусусии худ шуданд. Ҳарчанд ба якчанд нафар шогирдони устод Ғафурҷон Маҳмудов ташкили рӯзномаҳо насиб гашт, вале онҳо ба дараҷаи устод нарасиданд. Аз ҳама муҳимаш, машаққати ташкили газетаю газетабарорӣ, фурӯшу обуна, маошдиҳиро дида, ба Ғафурҷон Маҳмудов низ осон набуданашро фаҳмиданд. Ҳамдеҳаам, мухбири рӯзномаи «Овози тоҷик» дар вилояти Ҷиззах Анорбой Назаров ба хориҷа рафтанд. Номзади ман ба сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик», устод Шерпӯлод Вакилов маъқул афтод ва ба вазифаи мухбирии рӯзномаи «Овози тоҷик» дар вилоятҳои Ҷиззаху Навоӣ ба кор гузаштам. Аммо Ғафурҷон Маҳмудов якбора барои аз кор рафтанам розӣ нашуданд ва то ба ҷои ман одами муносиб тайёр кардан барои дар ду рӯзнома кор карданам имконият доданд. Дар ин муддат ҳаракат карда, рӯзномаи «Табассум ворд»–ро таъсис додам. Фақат баъди шаш моҳ дуои устод Ғафурҷон Маҳмудов ва дигар устодони самарқандиро гирифта, ба Ҷиззах омадам. Гувоҳномаи «Овози тоҷик» ба ҳокимияту дигар ташкилотҳо роҳ кушод. Таҷрибаҳои дар Самарқанд омӯхтаам даст дод. Аввал фаъолияти рӯзномаи «Табассум ворд»–ро ба роҳ мондам. Сипас, рӯзномаи бачагонаи «Билағон»-ро таъсис додам. Минбаъд, нашри рӯзномаи «Солиқ ва ҳаёт», моҳномаи «Табассум» ва «Билим ворд»-ро ба роҳ мондам. Ба забони ӯзбекӣ навиштану таҳрир карданро ҳам ёд гирифтам. Соли 2015 каминаро сармуҳаррири рӯзномаи садорати тандурустии вилояти Ҷиззах — «Ҷиззах шифокори» интихоб намуданд. Баробари ин, аз соли 2022 ҳамчун мухбири рӯзномаи «Янги Ӯзбекистон» дар вилояти Ҷиззах кор мекунам. Бояд эътироф кунам, ки агар дар ҷодаи рӯзноманигорӣ каме ба муваффақият ноил гардида бошам ҳам, ҳамаи онҳо ба туфайли таҷрибаҳои дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» гирифтаам мебошад.
— Дар оянда чӣ нақшаҳо доред? Ниятҳои навиштани асарҳои бадеӣ гирди саратон чарх намезананд?
— Нақшаҳоям дар оянда ғолибӣ дар озмуни «Олтин қалам» («Қалами тиллоӣ»), тайёр намудани шогирдҳо, дурдонаҳои насри адабиёти форсу тоҷикро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардан ва ғайра мебошанд. Нияти навиштани асарҳои бадеӣ низ дорам, аммо ба ин боз каме вақт ҳаст. (Боз як орзуям, ки бевосита ба рӯзномаи «Овози Самарқанд» дахл дорад, ин варақгардонии бастаҳои рӯзнома, ки дар тайёр кардани он бевосита ҳамчун котиби масъул иштирок доштам).
— Таманноҳои Шумо ба рӯзи иди касбии рӯзноманигорон.
— Рӯзноманигорӣ баробари касби шарафнок будан, пурмасъулияту пурмашаққат аст. Ҳамаи кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ, бахусус ходимони рӯзномаи «Овози Самарқанд»-ро бо иди касбиашон самимона табрику муборакбод намуда, барояшон сарбаландиву хонаободӣ ва комёбиҳои рӯзафзуни эҷодӣ таманно дорам.
Мусоҳиб М.ҶУМЪАЗОДА
