Ба қарибӣ китоби нави ҳикоянавис, зани эҷодкор Нарзипӯлод Саидова бо номи «Дуои замин» ба табъ расид. Китоб дар нашриёти «Фан зиёси» бо 1000 нусха чоп шуда, барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.
Маҷмӯа аз ҳикояҳои кӯтоҳу шавқовар иборат буда, бо забони сода ва фаҳмо навишта шудааст. Ҳикояҳо кӯдаконро ба меҳрубонӣ, ростқавлӣ ва дӯстӣ ҳидоят намуда, дар роҳи дониш ва тарбия роҳнамои хуб шуда метавонанд.
Дар китоб ҳикояҳои ҷолибе чун «Кони ақл», «Насиҳат», «Дуои замин», «Як даҳон раҳмат канӣ?» гирд оварда шудаанд, ки хонандаро ба эҳтироми неъмат, сарфакорӣ, қадрдонии ризқу рӯзӣ ва одоби нек даъват мекунанд.
Аз ҷумла, дар ҳикояи «Кони ақл» рафтори як духтараки доно намунаи ибрат оварда мешавад. Ӯ барои поймол накардани тутҳои рехта бо эҳтиёт роҳ меравад ва бо ин амалаш нишон медиҳад, ки бояд ҳар неъматро қадр кард. Дар баробари ин, муаллиф рафтори бепарвоёнаи писарбачаро низ нишон дода, аҳамияти тарбияи дурустро таъкид менамояд.
Ҳамин тавр, «Дуои замин» китоби тарбиявӣ ва пурмазмун буда, метавонад ҳамсафари хуби кӯдакон дар роҳи дониш, ахлоқи ҳамида ва зиндагии шоиста гардад.
