Рӯзи 1-уми апрел дар мадрасаи Шердори майдони Регистон бо ҳамкории ҳокимияти шаҳр, Шӯрои маънавият ва маърифати шаҳр, шуъбаи Маркази ҷумҳуриявии маънавият ва маърифат, инчунин, шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии шаҳри Самарқанд чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5-уми феврали соли 2026, таҳти рақами ҚП–46 ва бахшида ба 690-солагии таваллуди арбоби бузурги давлатӣ ва сарлашкар Амир Темур, инчунин эълон гардидани моҳи апрел ҳамчун «Моҳонаи Амир Темур» доир шуд. Он таҳти унвони «Дар саҳнаи театри ҷавонон — давраи темуриён» баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ суруди миллӣ аз ҷониби оркестри ҳарбӣ ба таври зинда иҷро гардида, тадбир расман ифтитоҳ ёфт.
Дар чорабинӣ Ф.Нишонов, ҷонишини ҳокими шаҳри Самарқанд ва Ф.Набиев, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, узви Ҷамъияти таблиғгарони маърифат дар бораи ҳаёт ва фаъолияти саркардаи бузург, корҳои ободонӣ ва созандагии ӯ, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, инчунин аҳамияти омӯзиш ва гиромидошти таърих андешаҳои худро баён намуданд.
— Пойтахти давлати темуриён — Самарқанд имрӯз ҷашни яке аз шахсиятҳои бузурги таърихи худро ҷашн мегирад, — гуфт Ф.Набиев. — Мо то ҳол бо сарварии роҳбари давлатамон корҳои ободонӣ ва бунёдкории ин марди ҷаҳонгирро идома медиҳем. Сабаби ба таври васеъ ҷашн гирифтани ин сана ҳамчун ибрат нишон додани роҳи зиндагии ниёгонамон ба насли наврас, ба роҳи нек даъват намудани онҳо ва ифтихор аз таърихи кишварамон мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби хонандагони мактаби таълими умумии рақами 1-и шаҳри Самарқанд номишҳои саҳнавӣ, инчунин, баромадҳои духтарони мактаб ба рақсҳо ба иштирокдорону сайёҳон кайфияти хуш бахшид. Аз ҷониби оркестри ҳарбӣ сурудҳои зинда иҷро карда шуд. Ҷамоаи театрии «Маърифатчиёни ҷавон»-и иборат аз донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии меъморӣ ва сохтмони Самарқанд баромад карданд. Намунаҳои эҷоди мусаввирони ҷавон аз назар гузаронида шуд.
Дар поён як гурӯҳ фаъолон бо ташаккурномаҳои ҳокимияти шаҳр қадрдонӣ гардида, «Моҳонаи Амир Темур» расман оғоз ёфт.
