Дар ин бора дар фармоиши раиси Шӯрои намояндагони халқи вилоят Ш. Негматов аз 26-уми декабр «Дар бораи даъвати сессияи бисту чоруми Шӯрои намояндагони халқи вилоят, даъвати ҳафтум» маълум карда шудааст.
Ба рӯзномаи сессия масъалаҳои зерин дохил карда шудаанд:
– Дар бораи тасдиқ кардани буҷети маҳаллии вилояти Самарқанд барои соли 2026;
– дар бораи дохил намудани тағйирот ба қарори Шӯрои намояндагони халқи вилоят аз 26-уми декабри соли 2024 «Дар бораи тасдиқ кардани буҷети маҳаллии вилояти Самарқанд барои соли 2025»;
– дар бораи тасдиқ кардани коэффитсиентҳои камкунанда ва зиёдкунандаи ставкаи андоз, ки барои молу мулки шахсони ҷисмонӣ муайян шудааст, коэффитсиентҳои зиёдкунандаи ставкаи камтарини пардохти иҷораи шахсони ҷисмонӣ ва юридикӣ, ки молу мулки худро ба иҷора додаанд ва коэффитсиентҳои камкунанда ва зиёдкунандаи ставкаи заминҳои барои кишоварзӣ пешбинишудаи вилояти Самарқанд;
– дар бораи эътирофи ҳуқуқ ба қитъаҳои замини худсарона азхуд карда ва бинову иншоотҳое, ки дар онҳо сохта шудаанд;
– дар бораи тасдиқ кардани барномаи рушди маҷмӯи иҷтимоӣ-иқтисодии вилояти Самарқанд дар соли 2026;
– дар бораи баррасӣ ва қабули пешниҳодҳо роҷеъ ба лоиҳаҳои драйверӣ, ки бар асоси «Таҷрибаи Зарбдор» дар соҳаҳои саноат, хизматрасонӣ ва хоҷагии қишлоқи вилояти Самарқанд амалӣ карда мешаванд.
