Ovozi.uz

Гвардиола: “Бернарду Силва ба Месси монанд аст!”

Сармураббии дастаи “Манчестер Сити” Хосеп Гвардиола, пас аз бозии даври 3-юми марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳо бо дастаи “Вилярреал” (2:0), нимҳимоятгари дастаи худ Бернарду Силваро бо ҳамлагари аргентинӣ Лионел Месси муқоиса кард. Дар ин дидор Силва як гол ба самар расонид.

“Ман шодам, ки Эрлинг боз гол зад, ва инчунин шодам, ки Бернарду боз бо зарбаи аҷиби сар гол зад. Ин каме ба Лионел Месси монанд аст — гӯё дар гарданашон гурз доранд. Онҳо хеле хубанд! Онҳо қад кӯтоҳанд, аммо бо сарашон бениҳоят тавоно ҳастанд», фишурдаи суханони Гвардиоларо сомонаи Goal иқтибос овардааст.

Ёдовар мешавем, ки бозии навбатии “Манчестер Сити” дар марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳо рӯзи 5-уми ноябр баргузор мешавад, ки рақиб тими “Боруссия”-и Дортмунд хоҳад буд.