Ovozi.uz

Консули нави Туркия дар Самарқанд ба кор шурӯъ кард

Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев бо сарконсули Туркия дар Самарқанд – Сердар Дениз мулоқот намуд.

Сердар Дениз ба ҷои сарконсули собиқ – Салиҳ Жанер таъин шудааст. Дар вохӯрӣ консул роҷеъ ба мақсадҳои ояндаи худ сухан ронда, таъкид кард, ки дар давоми фаъолияти худ барои ривоҷдиҳии муносибатҳои Ӯзбекистон ва Туркия, дар байни вилояти Самарқанд ва минтақаҳои Туркия ривоҷ додани ҳамкориву алоқаҳо дар соҳаҳои савдо, иқтисод, маданиву гуманитарӣ ва сайёҳӣ ҳиссаи худро мегузорад.

Роҳбари вилоят ба корҳои Сердар Дениз муваффақият изҳор намуда, ба ҳамкорӣ омода будани ҳокимияти вилоятро таъкид намуд, инчунин оиди лоиҳаҳои минбаъда истода гузашт.

Дар поёни вохӯрӣ самтҳои ҳамкории байни ҳокимияти вилоят ва консулгарӣ муайян карда шуд.